Ба муносибати 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумита мулоқоти ҷавонону варзишгарон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки ҷавонон ва мураббиёни соҳаи варзиши касбии мактабҳои варзишии шаҳриву Ҷумҳурияви доир гардид.
Зимнан иттилоъ медиҳем, ки мулоқоту вохӯриҳои судманд дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба рӯзи Конститутсия ва таҷлили 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 21 октябри соли 2024, мизи мудаввар бо иштироки мурабиёнии ҷавон ва варзишгарони ботаҷриба таҳти унвони “ Мулоқоти дастаҷамъонаи варзишгарон ва ҷавонон бо ҷалби мураббиёни соҳибтаҷриба ва варзишгарони касбӣ ҷиҳати баланд бардоштани худшиносии ҷавонон дар шароити нави ҷаҳонишавӣ ” ташкил ва баргузор гардид.
Сипас аз ҷониби намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баромадкунандагон ва мураббиён фаъоли самти варзиши касбӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон