Дар давлати Малдавия Чемпионати Ҷаҳон оид ба бодибилдинг баргузор гардид, ки дар он варзишгарбонуи тоҷик Аннимар Ясмина иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид, ки ба хазинаи варзишии мамлакат бо шарофати ин БОНУИ ТОҶИК боз як медали тилло зам гардид.
Ёдовар мешавем, ки Аннимар Ясмина варзишгарбонуи тоҷик узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бодибилдинг, инчунин устоди варзиши дараҷаи байналмилӣ ва 3-карат чемпиони ҷаҳон оид ба бодибилдинг мебошад.


