Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – Tashkent Grand Slam 2025 оғоз шуд. Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудокорон аз рӯи панҷ вазн рақобатҳоро доир карда истодаанд. Мардон дар вазнҳои то 60 кг ва то 66 кг, бонувон дар вазнҳои то 48 кг, то 52 кг ва то 57 кг сабқатҳоро идома доданд.
Тоҷикистонро, ки дар мусобиқаи мазкур 17 паҳлавон муаррифӣ мекунанд, дар рӯзи якум 7 нафар баромад карданд. Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (-60 кг), Эмомалии Нуралӣ, Умар Шеров (-66 кг), Аҳлия Муминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг) ва Александра Кан (-57 кг) дар рӯзи аввал ҳунарнамоӣ намуданд. Аз миёни эшон танҳо Эмомалии Нуралӣ ва Аҳлия Муминова барои нишони биринҷӣ рақобатро идома доданд. Муминова мақоми панҷумро касб кард.
Аҳлия Муминова дар вазни то 48 кг дар даври аввал ҷудокори чинӣ Чжоу Йилингро шикаст дода, ба даври дуюм баромад. Муминова дар даври дуюм бо имтиёз иппон Галия Тюнбайева аз Қазоқистонро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Аҳлия дилпурона бар Салвадор Родригес аз Испания зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад. Муминова ҳама кӯшишу талошро кард то ба финал роҳ ёбад, лек аз садди роҳи ватандорӣ ҷудо Кано Мияки гузашта натавонист. Бо ин бохт дар даври нимниҳоӣ аз Кано ҷудокори мо барои нишони биринҷӣ бо Сабина Гулиазова (IJF) муборизаро идома дод.
Аҳлия Муминова дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Сабина Гулиазова (IJF) мағлуб шуда, мақоми панҷумро касб кард.
Як қадами дигар монда буд, то Аҳлия таърихро рақам зада миёни бонувон аввалин медалро дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” барои Тоҷикистон ба даст орад, лек муваффақ нашуд.
Дар оянда барои ин дастовард ба Аҳлия умед мебандем.