3 – юми сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Виктор Лутенко – роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон бо ин созмони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маҳаки асосии мулоқотро шиносоии ҷонибҳо ва масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷавонону варзиш ташкил дод.
Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои гуногун мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмии комил баргузор гардид.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказӣ
