Санаи 24 декабри соли 2024 дар бинои Кумита мулоқоти муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим бо роҳбари Намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) Наргис Раҳимова баргузор гардид.
Дар ин замина, ба иттилои Шумо мерасонем, ки мақсад аз баргузории мулоқоти мазкур баррасии ҳамкориҳои кунунӣ ва оянда миёни Хазинаи нуфузи СММ дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид.
Дар навбати худ, муовини якуми раиси Кумита Раҳимзода Шабнам Карим оид ба фаъолияти Кумита дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди фаъолияти волонтёрӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуданд.
Зимнан, аз ҷониби Наргис Раҳимова маълумот вобаста ба фаъолияти UNFPA дар самти кор бо ҷавонон ва рушди фаъолияти волонтёрӣ маълумот пешниҳод гардида, омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самт иброз гардид.
Ҳамзамон, ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои тарафайн дар соли 2025 тасмим гирифта шуд, ки Нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳрезӣ ва ба имзо расонида мешавад.
Мулоқоти мазкур бо ҳусни тафоҳум анҷом ефт.



Все реакции:
2121