Санаи 25 декабри соли 2024 дар бинои Кумита мулоқоти муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим бо роҳбари Намояндагии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон Фузие Мелани Аламир баргузор гардид.
Дар ин замина, ба иттилои Шумо мерасонем, ки мақсад аз баргузории мулоқоти мазкур баррасии ҳамкориҳои кунунӣ ва оянда миёни Намояндагии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид.
Дар навбати худ, муовини якуми раиси Кумита Раҳимзода Шабнам Карим оид ба фаъолияти Кумита дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди фаъолияти волонтёрӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуданд.
Зимнан, аз ҷониби Фузие Мелани Аламир маълумот вобаста ба фаъолияти GIZ дар самти кор бо ҷавонон ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, лагерҳои тобистона, марказҳои ҷавонон ва шабакаи ҷовонон “Созандагони Фардо” маълумот пешниҳод гардида, омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самт иброз гардид.
Ҳамзамон, ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои тарафайн дар соли 2025 тасмим гирифта шуд, ки Нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳрезӣ ва ба имзо расонида мешавад.
Мулоқоти мазкур бо ҳусни тафоҳум анҷом ефт.




