Имрӯз, 14 – уми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 – солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Бозиҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов мусобиқаҳои варзишӣ миёни донишҷӯён аз намуди баскетбол, волейбол, чавгон ва тенниси рӯимизӣ, ки давоми 10 рӯз инҷониб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада идома ҷамъбаст гардида ғолибон бо ифтихорнома, медал, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар маросими натиҷагирӣ ва тӯҳфасупорӣ ба ғолибони мусобиқа Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадшоҳ Абдуллозда – Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов иштирок намуда, ҷавонон ва роҳбарони дастаҳоро қадршиносӣ намуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита













