Имрӯз терроризм ва экстремизм ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Ҳатто давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо тамоми техника ва иқтидори ҳарбӣ аз хатари терроризм ва экстремизм дар амон нестанд, зеро сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда солҳои охир дар бахши мубориза алайҳи терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ афзоиш ёфтааст. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном “Давлати исломӣ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Боко-ҳарам” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ ва куштору ғоратгарии инсонҳост.
Аксар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳон терроризмро ба дини ислом ва мусалмонон рабт медиҳанд, ки миёни мусалмонон низоъ барангезанд, то ки решаи терроризмро боз ҳам васеътар гардонанд. Саҳми Асосгузори сулуҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин зуҳуроти номатлуб аввалиндараҷа буда, борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ таъкид намудаанд, ки “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Пешвои миллат 21 апрели соли 1997 Фармон “Оид ба чораҳои пурзӯри мубориза бар зидди терроризм” қабул намуданд. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона”;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди терроризм чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.
Ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.
Сарвари давлат ба мо, ҷавонон он қадар боварӣ ва эътимод доранд, ки дар ҳалли чунин масъалаи муҳимми сиёсию глобалӣ ба неруи фикрии мо ва миллати тоҷик такя менамояд. Миллати тоҷик дар ҳама давру замон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳонанд, зеро аз дили тоҷик дили нармтар дигар диле нест. Моро мебояд аз боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набаромада, аз ҳарвақта дида ҳушёрию зиракии худро аз даст надода, барои рушду нумуи Ватани азизи худ саҳмгузор бошем.
Ҳасан АКРАМ,
сардори шуъбаи автоматикунонии
низоми таълим ва тестии раёсати таълими Академия

Все реакции:
181181