• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Friday, June 13, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабарҳо

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос шуданд

17.10.2024
in Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос шуданд

 17 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров дар масоҳати беш аз 500 гектар замин бунёд карда шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи зарфиятҳои фаровони аграрии минтақа, аз ҷумла обу замин ва саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқавории кишвар маслиҳатҳои судманд доданд.

Хоҷагӣ зиёда аз 1100 нафар саҳмдор дошта, теъдоди коргарони доимиву кироя ҳангоми авҷи корҳои саҳроӣ ба бештар аз 4 ҳазор нафар мерасад. Инчунин, ин шабу рӯзҳо заминҳои ин хоҷагӣ барои тоҷирони маҳаллӣ низ ҷойи кор дониста мешавад, зеро дар мавсими ҷамъоварии ҳосил теъдоди харидорон бамаротиб зиёд мегардад.

Роҳбарияти хоҷагӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар токзор бештар аз 10 намуди ангури ба иқлими маҳал мувофиқ парвариш карда мешавад.

Дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сафед”, “Кишмиши сиёҳ”, “Президент”, “Аватар” ва ғайра, ки навъҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошанд, парвариш карда мешаванд.

Мувофиқи дурнамои истеҳсолӣ, саҳмдорони хоҷагӣ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар гирифтанд. Бо назардошти таъсири манфии сардиҳои мавсими гузашта, саҳмдорони хоҷагӣ талош намуданд, ки бо иҷрои меъёру қоидаҳои агротехникӣ, махсусан барқарор кардани майдони боғҳо фаровонии ҳосилро қариб ба ҳаҷми истеҳсолот дар солҳои 2021-2022 баробар созанд.

Хоҷагидорон, пеш аз ҳама, барои таъминоти бозори истеъмолии дохилӣ талош карда, боқимондаи ҳосилро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Ба хотири тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар ҳудуди хоҷагӣ барои нигоҳдории зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот сардхонаҳои замонавӣ бунёд гардидааст. Маҳсулот дар сардхонаҳо то оғози боришот захира карда мешавад. То имрӯз дар ҳамаи сардхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 5800 тонна ангур захира карда шудааст. Шумораи сардхонаҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 78 адад расида, ғунҷоиши онҳо бештар аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки фаъолияти сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро ин воситаи асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар тамоми фасли сол буда, сифати маҳсулот дар сардхона коҳиш намеёбад.

Шаҳри Турсунзода минтақаи муҳими аграрии Тоҷикистон буда, ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ рушд кардааст. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр зиёда аз 4100 гектар токзор мавҷуд мебошад. То имрӯз дар шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 320 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда, аз он 11 ҳазор тонна содир ба хориҷи кишвар шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” ба самараи кори ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки меъёрҳои боғдории суннатӣ ва ҳозиразамони боғпарварони соҳибтаҷрибаи ин хоҷагии овозадор дар миёни аҳолӣ бештар тарғиб карда шавад.

Next Post
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» шинос шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» шинос шуданд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Тавсияшуда

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ «Неъматҳои Рӯшон» оғоз бахшиданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ «Неъматҳои Рӯшон» оғоз бахшиданд

8 months ago
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд

7 months ago

Хабарҳои машҳур

  • ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: ДАСТОВАРДҲО ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • 16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj