• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Friday, June 13, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабарҳо

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ»-ро ба истифода доданд

07.11.2024
in Хабарҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ»-ро ба истифода доданд

7 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ»-ро ба истифода доданд. 

Корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шералӣ Файзализода дар муддати бештар аз як сол бунёд гардид.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он асосан истеҳсоли гаҷкартон ва ғуррагаҷҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст.

Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гаҷкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоёни дастгирӣ номиданд. Дастур дода шуд, ки зимни фаъолият ба ҳаҷми истеҳсолот ва сифату рақобатпазирии маҳсулот таваҷҷуҳи хоса равона карда шуда, маҳсулот бо назардошти талаботи бозор истеҳсол гардад ва риояи меъёрҳои содироти мол ба хориҷа дар мадди назар қарор дода шавад.

Корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2021-2026 “Солҳои рушди саноат” дар Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Гаҷкартон бо ҳаҷму андозаҳои гуногун тавассути дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта ва хатҳои технологии замонавӣ истеҳсол карда мешавад.  Хатҳои технологие, ки дар корхона насб шудаст, навтарин дониста мешавад ва дар онҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ таъйиноти асосии фаъолияти корхона арзёзбӣ карда шуд.

Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ки дар он мутахассисони касбӣ сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд.

Бояд гуфт, ки 70% -и маҳсулоти корхона аз ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо истифода аз конҳои амалкунандаи атрофи ноҳия бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошад. Дар корхона 2 намуд гаҷкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ барои девор ва сақф истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулот барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи иншооти гуногун истифода мегардад. Дар марҳилаҳои баъдӣ тасмим аст, ки истеҳсоли гаҷкартонҳои ба намӣ ва гармӣ тобовар низ дар ҳамин корхона ба роҳ монда шавад.

ҶДММ “Файзи гаҷ” аз зумраи корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ дар ноҳияи Ёвон буда, аз соли 2014 амал мекунад. Дар ин муддат корхона истеҳсоли 27 номгӯйи маҳсулоти сохтмониро ба роҳ монда, дар бозор мақоми худро пайдо кардааст.

Ҳоло дар ин корхона истеҳсоли густурдаи ғуррагаҷҳои берунаву даруна, ғуррагаҷҳо барои сақф ва ороишии берунаи бинову иншоот, барои корҳои гаҷкорӣ, ширешҳои тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовари дарун ва беруни бино, рангҳои эмулсионии шусташавандаву ба намӣ тобовар, профил ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Корхона дар масоҳати 2,7 гектар ҷойгир шудааст, ки бештар аз 1,5 гектари онро боғи дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳад. Дар умум атрофи корхона бо назардошти таъйиноти саноатӣ доштани он сабзу хуррам гардонида шудааст, ки ин раванд ба беҳдошти вазъи экологӣ мусоидат мекунад.

Инчунин ширкати “Файзи гаҷ” дар пайгирӣ аз иқдомҳои созандагии роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар амалисозии ташаббусҳои бунёдкорӣ бобати истиқболи шоиста аз ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳиссагузорӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии кишвар арзи сипос карда, дастур доданд, ки ба масъалаи омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар хориҷа таваҷҷуҳ зоҳир карда, ташаббусҳои созандагиву иҷтимоиро вусъат бахшад.

Next Post
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи кранҳои борбардорро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи кранҳои борбардорро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Тавсияшуда

ҶАВОНОН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР: ЧӢ ГУНА ҶАВОНОН ИМКОНИЯТҲОИ НАВРО БАРОИ РУШДИ ХУД ИСТИФОДА МЕБАРАНД.

ҶАВОНОН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР: ЧӢ ГУНА ҶАВОНОН ИМКОНИЯТҲОИ НАВРО БАРОИ РУШДИ ХУД ИСТИФОДА МЕБАРАНД.

3 years ago
КОНСТИТУТСИЯ – ИРОДАИ МО ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

КОНСТИТУТСИЯ – ИРОДАИ МО ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

7 months ago

Хабарҳои машҳур

  • ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: ДАСТОВАРДҲО ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • 16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj