Терроризми экологӣ дар нимаи аввали асри ХХ пайдо шуда ҳамчун мушкилоти глобалии замони муосир ба ҳисоб рафта, асосан ба муқовимат бо нигарониҳои васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст.
Бештари кишварҳо бо истифода аз ин вабои аср кӯшиш менамоянд, ки масъалаҳои сиёсиро ҳал кунанд, чунки дар замони муосир «терроризми экологӣ» яке аз омили ҷангҳои сиёсати дохилии кишварҳои пешрафта ба ҳисоб меравад. Терроризми экологӣ маънои мундариҷа ва зуҳуроти зӯроварӣ ба муҳити зистро дорад, ки дар он мақсад ҳамчун ҳадафи махсуси тарсонидан ва барои ба даст овардани натиҷаи ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон, амали террористӣ содир кардани кирдорҳои зӯроварие мебошад, ки хатари маргро ба вуҷуд оварда, ба хисороти молӣ ё дигар оқибатҳои вазнин оварда мерасонанд.
Терроризми экологӣ ҷинояти бисёрҳадафона буда, объекти асосии он амнияти ҷамъиятӣ ва муҳити атроф мебошад. Ҷанбаи объективии ҷиноят таркиш, сӯхтор, ки хавфи маргро ба вуҷуд оварда, ба муҳити зист зарари назаррас мерасонад, ифода меёбад. Усулҳои маъмултарини терроризми имрӯза зӯроварӣ нисбат ба намояндагони ҳокимият ва давлат набуда, балки нисбати мардуми осоишта, ки ба амалҳои нопоки террористӣ иртиботе надоранд, алоқамандӣ дошта оқибатҳои фалокатборро ба бор меорад.
Аз нуқтаи назари хатари эҳтимолӣ, «терроризми экологӣ» нисбат ба дигар навъҳои он хатарноктар аст, зеро зӯроварӣ тавассути муҳити табиӣ сурат мегирад, ки дар оянда мавҷудияти инсон мушкил ё ғайриимкон мегардад. Он баъзе хатарҳои хусусияти сайёрагӣ дошта, ба оқибатҳои ҷуброннопазир оварда мерасонад. Ба ақидаи С.С.Алексанин ба одамон терроризми экологӣ ҳамчун як навъи нави терроризми аз ҷиҳати технологӣ баланд нисбат ба дигар навъҳои он хатарноктар аст, зеро амалҳои зӯроварӣ ба таври ғайримустақим ба шаҳрвандон ё моликияти онҳо тавассути муҳити табиат амалӣ карда мешаванд, ки дар он ҷо дар оянда мавҷудияти одам душвор ва ҳатто имконнопазир аст. Терроризми экологӣ чун қоида, ба оқибатҳои бебозгашт ва рафъи душвори сайёра оварда мерасонад.
Тавре О.Л.Дубовик қайд мекунад, навъҳои зиёди терроризм вуҷуд дорад, ки меъёрҳои муайянро доро мебошанд. Ба ақидаи ӯ, нисбати терроризми экологӣ мақсадҳое, ки дар қонуни ҷиноятӣ манъ нашудаанд, вале ҷузъи ҷудонашавандаи механизми рафтори ҷиноятӣ мебошанд, аз ҷумла ангеза ва қарори ҷинояткор ба содир намудани амали террористӣ ё иштирок кардан (дар ин ё он шакл) дар фаъолияти террористӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Дар заминаи тадқиқоти давомдор дар доираи тасниф аз рӯи меъёри предметӣ равиши Ю.Антонян сазовори таваљљӯҳи махсус аст, ки дар он терроризми давлатиро ҳамчун субъект муайян мекунад. Ӯ терроризми давлатиро ба терроризми байнидавлатӣ ва дохилӣ ҷудо мекунад. Вай аз ҷумла, амалҳои террористии давлатиро бар зидди мардуми худ ва бар зидди рақибони сиёсии худ шарҳ медиҳад.
Ба ақидаи А.Я.Рыженков, аз нуқтаи назари ҳарбӣ терроризми экологӣ амалест, ки қасдан ифлос кардани муҳити душман бо мақсади расонидани зарар ба муҳити зист мебошад. Терроризми экологӣ чунин заминаҳоро дар бар мегирад:
– ғайриқонунӣ истифода ва паҳн кардани моддаҳои заҳрноки ҷангии химиявӣ;
– ба мақсад мувофиқ истифода бурдани изотопҳо ва дигар маводҳои радиоактивӣ, то бомбаҳои миниатюрии «ифлос»;
– бо ёрии паррандаҳо ва моҳӣ ба касалиҳои сирояткунанда гирифтор намудани аҳолӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани эпидемия ва эпизоотияҳо;
– сӯзондани ҷангалзорҳо ва бешаҳо;
– кӯшиши тарконидани сарбандҳои калони обӣ, стансияхои электрикии аловӣ ва атомӣ ва ба миқдори калон сӯзондани чоҳҳои нефт.
Дар замони муосир ақоид ва амалҳои террористӣ бо ҳама шаклҳои зуҳуроташ, бахусус экотерроризм, метавонанд ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра ҳар лаҳза таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён оваранд. Муқовимат ба терроризм ин тадбирест барои таъмину таҳкими амнияти миллӣ, сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва шоистагии зиндагиии мардум нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар муқовимат ба афкори террористӣ бо ҳама шакли зуҳуроташ муборизаи оштинопазир барем.
Аз ин рӯ, роҳи дурусти муносибат ва мубориза ба ин мушкилии мавҷуда дарки дурустии заминаҳои идеологии он мебошад, ки бояд аз ҷониби давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар шароити имрӯзаи бисёрфарҳангӣ дарк карда шавад ва камбудиҳои ҷойдоштаи дохилии давлатҳои рӯбаинкишофи минтақа, махсусан рушди нокифояи иқтисодӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва илм, ки боиси хосияти амалӣ касб кардани муносибати мазкур мегардад, дар асоси манфиатҳои тарафайн бартараф карда шаванд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ сарҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳимми муборизаи босамар бо ин вабои аср мебошад.
Зеваров Зеваршоҳ – магистранти Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон
