“Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини саёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм имрӯзҳо дар низоми давлатдории тамоми кишварҳо вобаста ба бехатарии миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мавқеи муҳимро ишғол намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалалаи мазкур дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез», ки санаи 3-юм ва 4-уми майи соли 2018 дар пойтахти азизамон роҳандозӣ гардид, ҳолати зиёдшавии ин амалҳои номатлубро қайд намуда, иброз доштанд, ки «Имрӯз гуруҳҳои террористиву экстремистӣ бо ҷомеаҳои радикалии динӣ, миллатгаро ва дигар гуруҳҳои ҷиноӣ муттаҳид шуда, хусумат ва зӯроварӣ, хунрезӣ ва низоъҳои динӣ, конфессионалӣ, қавмӣ ва ҳатто зидияти байни тамаддунҳоро таҳрик мекунанд».
Нуқтаеро қайд намудан мумкин аст, ки нооромиҳои афзункунандаи ҳолати ҷангӣ, гузоштани нишонаҳои дигари доғи аср дар миқёси минтақаҳои гуногуни олам ва бо ин сабаб афзоиш ёфтани шуури ифротгароӣ мушкилиҳоро ба бехатарии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари маҳбуби мо ба миён меорад. Исботи ин гуфтаҳо, гузариши ҳолати ҷангии Ироқу Сурия ба дигар давлатҳо ва бо ин сабаб паҳн гаштани созмони террористии “Давлати исломӣ” дар ҳамсоякишвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилотҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Боиси қайд аст, ки бо ибтикори Ҳукумати кишвар ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо ҷорӣ карда шудаанд. Дар асоси ин тағйиротҳо нафароне, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои қайдшуда агар ихтиёран то анҷоми ин задухӯрдҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳои худ вобаста ба мавзуи матраҳшаванда қайд менамоянд, ки ифротгароӣ аз як тараф агар доғи аср ҷиҳати хатари глобалӣ бошад, аз тарафи дигар ин ашхос на ватан доранду на миллату на дину мазҳаб. Аммо фаъолияти мусаллаҳонаи онҳо таҳдид ба ҳаёти орому осуда, давлати ободу рушдкунанда ва ҳар як сокини ин замин мебошад. Боиси қайд аст, ки ин ифротгароӣ ба дини ислом ягон умумият надошта, бо истифода аз номи ин дини пок фаъолияти ифротгароии худро ташкилотҳои терросристӣ ва экстремисти ба роҳ мемонанд.
Бинобар ин, ба роҳ мондани нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати чоранадешӣ намудан ва пешгирӣ намудан вобаста ба ҷалб нашудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо самти авзалиятнок дар нигоҳдории аққалиятҳои миллӣ, ҳифзи марзу бум ва давлати осоиштаву ороми мо мебошад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои маъмурию ҳуқуқӣ ҷиҳати коҳиш додан ва аз байн бурдани экстремизм ва терроризм ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, барномаҳои стратегии давлатӣ дар ин самт қабул карда шудаанд. Яке аз чунин стратегияҳо “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” мебошад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст.
Самти афзалиятноки мубориза ба экстремизм ва терроризм ин афзоиш додани натиҷанокии фаъолияти соҳаҳои дахлдори давлатӣ, мукаммалгардони ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар кам намудани ҳолатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дар ин асно рушди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Ҳамин тариқ, моро мебояд, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан-модар тарбия намуда, онҳоро дар роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, то ки онҳо дар зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Тоҷикистон ба пеш!», баҳри пешрафти кишвари азизамон, боз ҳам ободу зебо гардонидани он саҳми боризи худро гузоранд.
Руҳулло МАҲМАДОВ, ходими илмӣ-мутахассиси пешбари Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Все реакции:
5454