Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.Албатта ба ақидаи бархе аз олимон ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, ин андеша бе асос нест ва решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Дар асоси таҳлилҳо то ҳол касе аз олимони соҳаи ва кормандони мақомот саҳеҳ гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.Ба ақидаи олимони таърихшинос аз асрҳои миёна то ҳол ҳам шахсони инфиродӣ ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои нопоки худро пиёда намоянд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.Дар баробари зиёд шудани омилҳои тероризм ва экстремизм солҳои охир вокунишиҳо низ рӯз то рӯз зиёд шудаанд, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳое ҳастанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад.Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Дар доири ин дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».Дар охири асри гузашта ва ибтидои асри XXI амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба мафҳуми киберҷиноят ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.Дар тамоми саросари ҷаҳон амали киберҷиноятро ҳамчун амали ғайриқонунӣ ё ҷиноятеро мешуморанд, ки дар асоси технологияи рақамӣ ҳамчун таҷҳизот ва ё ҳадаф истифода мешавад. Ба тарви муфассал метавонем мафҳуми киберҷиноятро ҳамчун дарстрасии беиҷозат ба компютери фардӣ, дастгоҳои мобилӣ, ҳисоботҳои шахсӣ, дигаргунсозии маълумотҳои шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба суратҳисобҳои бонкӣ ва ё, ин ки фазои абрии фардӣ маънидод кунем. Бояд қайд кард, ки дар баробари зиёд шудани имкониятҳои техникӣ амалҳои киберҷиноят зиёд шуд. Дар замони муосир ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор омада, ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Имрузҳо онҳо барои халалдор намудани амнияти давлату миллат роҳву усулҳои навро тавассути шабакаҳои иҷтимои ва messenger дарёфт намуда аз нокифоягии дониши диниву сиёсии ҷавонон дарёфт намуда онҳоро тавасути сомонаҳо барои иҷрои амалҳои номатлуб омода менамояд. Дар ин замина рӯз то рӯз шумоари киберҷинояткорон чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар арсаи байналмилалӣ зиёд шуда истодааст, ки сабабҳои гуногунро ба монанди нокифоягии дониши ҷавнон, ба даст овардани маблағи калон ва беназоратии фарзанд аз тарафи волидайн доро мебошад. Амали киберҷиноят на танҳо барои халалдор намудани амнияти миллат балки ба буҳрони молиявӣ овардани иқтисодиёти миллатро аз қабили дастраси ба маълумотҳои тиҷоратӣ, фаъолияти мағозаҳои электронӣ, Web-сомонаҳои вазорату корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ва интендификаторҳои почтаҳои электронӣ оварда мерасонад.Дар барораи рушти технолгияи рақамӣ донишҳои нави замонавӣ барои мустакам намудаи кабсияти мутахассисон мусоидат менамояд ва чихеле, ки таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-уми декабр соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст… Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».Бисёр мушкилоти душвори ғайричашмдошт, ки аз киберҷинояткорон ва террористони киберӣ пеш хоҳанд буд, ки онҳоро бо шарикии наздик ва мусбат ва ҳамкории ҳам шахсони алоҳида ва ҳам ҳукумат пешгирӣ кардан мумкин аст. Ҳадафи мо тамаркуз ба муҳити компютерии бехатар ва боэътимод барои ҳама мебошад. Ин бешубҳа барои нигоҳ доштани амнияти миллӣ ва иқтисоди мо хеле муҳим аст. Киберҷиноятҳо барои шуъбаи кормандони мақомотҳои давлатӣ як ҳушдори нав мебошад. Тамоми кормандон фаъолиятро тавассути технологии рақамӣ ба роҳмонда истодаанд, ки онҳо бевоста ба Интернет пайваст мебошанд. Гарчанде ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои гуногун барои кам кардани ҷиноятҳои киберӣ ва истифодаи бехатари интернет андешида истодааст, аммо қонуни киберӣ наметавонад статикӣ бошад. Онро дар баробари пешрафти техника ва замон катъиян тағьир додан лозим аст.Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.Темурбекова С.Д. декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ