• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Monday, June 16, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Ҷавонон Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: ХАТАРҲО ВА ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА

24.12.2024
in Мақолаҳо
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: ХАТАРҲО ВА ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА

Терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои бузургтарин дар шароити муосири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, ки ба суботи давлатҳо, амнияти шаҳрвандон ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таҳдид мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин масъалаҳо мавқеи хос доранд, зеро кишвар дар минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯст. Ба ин сабаб, мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои асосии сиёсати амниятии давлат мебошад.

Терроризм ҳамчун стратегияи зӯроварӣ бо мақсади таҳдид ва тарс додани аҳолӣ бо истифодаи усулҳои зӯроварӣ ва ташкили амалҳои вайронкунанда дар ҷомеа сурат мегирад. Гурӯҳҳои террористӣ одатан тавассути амалҳои ваҳшатангез ва хунрезӣ талош мекунанд, ки ба ҳадафҳои сиёсии худ бирасанд. Экстремизм, дар навбати худ, ба идеология ва ҳаракатҳои ифротӣ ва тундраве дахл дорад, ки талош доранд сохторҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва сиёсиро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд. Экстремизм метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад: аз ифротгароии динӣ то сиёсӣ ва иҷтимоӣ.

Тоҷикистон, ки як кишваре бо таърихи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, дар солҳои охир бо хатарҳои гуногуни терроризм ва экстремизм рӯбарӯ шуд. Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997), Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ барои барқарор кардани амният ва субот тадбирҳои зиёде андешид. Вале фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар минтақа ва алоқамандии онҳо бо шабакаҳои байналмилалӣ ҳамоно таҳдиди ҷиддие боқӣ мемонад.

Ҳукумати Тоҷикистон як қатор ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва террористиро мамнуъ эълон кардааст, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ё иштирок мекарданд, ё онҳоро фаъолона дастгирӣ мекарданд.

1. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ): ҲНИТ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият мекард, аммо баъдтар, дар соли 2015, ҳукумат онро мамнуъ эълон кард ва ба он гунаҳкорӣ дар ташкили ҳаракатҳои ифротӣ ва талоши табаддулоти давлатӣ мансуб донист. Ҳукумат ин ҳизбро ба иртибот бо терроризм муттаҳам намуда, бисёр роҳбарони он боздошт ё ба кишварҳои дигар гурехтанд. Тибқи гузоришҳои расмӣ, баъзе аъзои ин ҳизб бо гурӯҳҳои террористии хориҷӣ ҳамкориҳо доштаанд.

2. Ҷамоати Ансоруллоҳ: Гурӯҳи террористии фаъол дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо “Ал-Қоида” ва гурӯҳҳои ифротии дигар иртибот дорад. Ин гурӯҳ ба содир кардани чандин ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон муттаҳам шудааст.

3. Давлати Исломӣ (ДИИШ): Ин гурӯҳи террористии байналмилалӣ, ки маъруф бо номи “Давлати Исломии Ироқ ва Шом” мебошад, фаъолияти густурдаи худро дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, роҳандозӣ кардааст. Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин гурӯҳ пайваста, барои иштирок дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ сафар карданд.

4. Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ): Ин гурӯҳи террористӣ, ки асосан дар Ӯзбекистон ташкил ёфтааст, бо мақсади барқарор кардани хилофати исломӣ дар минтақа фаъолият дорад ва дар Тоҷикистон низ барои содир кардани ҳамлаҳои террористӣ кӯшиш кардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мубориза бо терроризм ва экстремизм як қатор тадбирҳои қонунӣ, сиёсӣ ва амниятиро роҳандозӣ намудааст:

1. Қонунгузорӣ: Як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла:

· Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин санади ҳуқуқӣ асосҳои ҳуқуқӣ ва ҷавобгарии ҷиноиро барои ҷиноятҳо, аз ҷумла амалҳои террористӣ ва экстремистӣ, танзим мекунад.

· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» – қонунест, ки тартиби мубориза бо терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, мақомоти масъул ва усулҳои пешгирӣ ва бартараф кардани таҳдидҳои террористиро танзим мекунад.

· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» – ин қонун фаъолияти давлатро дар самти пешгирӣ, ошкор ва мубориза бо экстремизм (ифротгароӣ), ки хатари ҷиддӣ барои амнияти миллӣ ва ҷамъиятӣ ба бор меорад, танзим менамояд.

· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» – қонуне, ки тадбирҳои ҳуқуқӣ ва амалиро барои пешгирӣ ва бартараф кардани маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноятӣ ба дастовардаро танзим менамояд.

· Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст – ин стратегия самтҳои асосии мубориза бо экстремизм ва терроризмро барои як давраи панҷсола муайян намуда, мақсадҳои аслӣ ва тадбирҳои амалӣ барои расидан ба онҳо пешбинӣ шудааст.

· Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст – санаде, ки ба таҳкими қудрати миллӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 равона гардида, ба навсозии сиёсати давлатӣ дар ин самт дар асоси таҳлил ва таҷрибаҳои замонавӣ дахл дорад.

· Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст – ин консепсия усулҳо ва нақшаҳои умумии ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм муайян мекунад.

· Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 тасдиқ шудааст – барномае, ки чорабиниҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, дар давоми даҳсолаи минбаъда дар бар мегирад.

· Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003 – ин барнома дар давраи аввали мубориза бо таҳдидҳои террористӣ дар кишвар роҳандозӣ шуда, тадбирҳои амалӣ ва сиёсати давлатӣ барои пурзӯр кардани амният ва ҳамкорӣ бо кишварҳои дигарро муайян намудааст.

2. Мақомоти амниятӣ: Кумитаҳои махсуси амниятӣ ва ташкилотҳои давлатӣ бо мақсади назорати ҳолати амниятӣ ва пешгирии фаъолияти террористӣ таъсис ёфтаанд. Ин мақомот бо ҳамкории мақомоти байналмилалӣ, аз ҷумла бо СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, фаъолият мекунанд.

3. Ҳамкориҳои байналмилалӣ: Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкории зич дорад. Ҳамчунин, дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ мубориза бо терроризм ва экстремизм дар сатҳи байналмилалӣ пеш бурда мешавад.

4. Маърифат ва корҳои профилактикӣ: Ҳукумат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ҳамкорӣ мекунад. Ташкили барномаҳои тарбиявӣ ва маърифати динӣ яке аз роҳҳои муҳим барои пешгирии паҳншавии идеологияҳои ифротгароӣ мебошад.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як раванди мураккабу бисёрҷабҳа аст, ки аз самтҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошад. Мавқеи муҳим доштани кишвар дар Осиёи Марказӣ, ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон ва таъсири гурӯҳҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро водор месозад, ки чораҳои ҷиддӣ ва қавӣ барои нигоҳ доштани суботу амният дар дохили кишвар ва минтақаву ҷаҳон андешад. Ин масъала на танҳо ба амнияти дохилӣ, балки ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ низ таъсир мерасонад.

Умаршозода ДАВЛАТШО,

Корманди Академия

Next Post
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Тавсияшуда

Эмомалӣ қадами аввалро дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон устувор гузошт

Эмомалӣ қадами аввалро дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон устувор гузошт

3 years ago
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид

8 months ago

Хабарҳои машҳур

  • 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj