Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, дар замони пурпечутоби ҷаҳонишавӣ реша давонда ба проблемаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар шароити замони ҳозира хатарҳо ва амалҳои номатлубе, ки аз тарафи ифротгароён ба амал меоянд, аз хатари афзояндаи он дар ҳар гӯшаву канори дунё дарак медиҳанд. Ин тоифа аз шинохти арзишҳои инсонӣ дар ҳаёту зиндагӣ дур буда, амалҳои онҳо ба ягон дину оин рост намеояд.
Имрӯз онҳо даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни ҷомеа инчунин куштори бузургтарин олиҳаи ҳаёт яъне офарандаи ҳаёту зиндаги модарро анҷом медиҳанд. Бинобар ин, алайҳи чунин падидаи номатлуб муборизаи дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа зарур ва басо саривақтӣ шуморида мешавад. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ барои рафъи ин мушкилии ҷомеаи навин ва ё вабои аср талош варзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, дар ин роҳ муваффақ бошанд. Бояд аҳли ҷомеа донад ва дарк намояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ кишварҳо ва ё ташкилотҳое низ ҳастанд, ки аз анҷом додани чунин амалҳои номатлуб манфиат мегиранд ва тавассути гурӯҳҳои ифротии ташкилкардаашон фоида ба даст меоранд.
Аз амалҳои нанговар ва нохушоянде, ки гуруҳҳои ифротиву террористӣ пеша намудаанд, ин аз ҳисоби ҷавонон зиёд намудани сафҳояшон мебошад. Дар ин кор онҳо насли ҷавонро ба ҳар роҳу воситаҳо, тавассути таблиғу ташвиқ дар шабакаҳои интернетӣ ба худ ҷалб менамоянд. Бояд гуфт, ки истифода намудан аз қувваи ҷавонон барои онҳо хело манфиатовар мебошад ва дар маркази таваҷҷуҳашон низ маҳз ҷавоне қарор мегиранд, ки на донишу саводи дунявӣ ва на динии қазоӣ доранд.
Терроризм асосан вобаста ба ҳадафҳояш ба ду қисм ҷудо мешавад: Терроризми миллатгаро – ин гуруҳ амалҳои ҷудоихоҳӣ ва ё ба ибораи дигар хушунатпарастиро ҳадафи худ қарор додаанд; Дуюм, терроризми динӣ, ки мақсад аз фаъолияти он барангехтани кинаву адоват ва ё бадбинӣ байни пайравони дину мазҳабҳо ва оинҳои гуногун мебошад.
Имрӯзҳо фаъолияти терроризм бештар дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия, Сомалӣ ва Афғонистон васеъ доман паҳн кардааст, ки қариб ҳамарӯза дар ин кишварҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд. Дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар баъзе кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароён осеб мебинанд, қаҳтию гӯруснагӣ ва якчанд бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омада, ҷони чандин ҳазор инсонҳоро рабудааст. Терроризм миллат нажод дин ва мазҳаб надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқотҳояшон ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки онҳо ояндаи миллату давлат мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар Ватани азизи мо шароитҳои хуби илмомӯзӣ бо мақсади шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллӣ мавҷуд мебошад. Вобаста ба ин метавон гуфт, ки пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро танҳо метавон бо аз худ намудани донишу мафкураи қавӣ ва ҳисси худшиносии миллӣ бедор намоем.
Асри XXI асри илму технология мебошад. Ҷавононро зарур аст, то дар ин аср ҳамқадами замон буда, аз илмҳои замонавӣ ба монанди технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ бархӯрдор бошанд. Зеро мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки баъзе аз ҷавонон аз нодонӣ ва камсаводии худ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваста, ояндаи худ ва чандин ҳазор ашхоси дигарро ба сухтан додаанд.
Мо, ҷавононро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон сина сипар намоем. Тавре Пешвои миллат таъкид месозанд: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷгоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”.
Бояд хотирасон шуд, ки кам нестанд ҷавононе, ки дар роҳи ҳимояи сулҳу суботи Ватани азизамон ҷони худро дареғ намедоранд. Ин гуна ҷавонон воқеан ҳам ифтихори миллату давлат ва волидони худ мебошанд. Ҷавонони имрӯзро зарур аст, то ба қадри озодӣ, сулҳу ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ расида, арзишҳо ва муқаддасоти давлатиро аз худ намуда, бо онҳо ифтихор намоянд, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботу амнияти давлати худ талош созанд.
Мунира КОМИЛЗОДА,
магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”