Имрӯз, 19 ноябр дар Душанбе бозии дӯстонаи дуюми дастаи миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА баргузор мешавад,
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.
Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон панҷ маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Дастаи мо дар чор бозӣ пирӯз шуда, рақобати охирини дӯстона соли 2019 мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст.