Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2024 маълум шуд Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” – Гранд Слами Абу-Дабӣ-2024 дар ҳайати 6 нафар ширкат мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.Мусобиқаи мазкур аз 11-ум то 13-уми октябр бо иштироки 236 ҷудокор (163 мард, 73 бону) аз 33 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 6 ҷудочӣ миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд.Дар мусобиқаи Гранд Слами Абу-Дабӣ ҷудокорони тоҷик Обид Ҷебов(-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода, (-73кг), Абубакр Шеров(-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг) иштирок хоҳанд кард.Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Гранд Слами Абу-Дабӣ -2024 , 154 ҳазор евро аст. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.