Дар рӯзи якуми мусобиқа кишвари мо Тоҷикистонро Обид Ҷебов зери вазни то 66 кг намояндагӣ кард. Ҷудокори мо дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм рақобатро шурӯъ кард.
Дар рақобати аввал Ҷебов бо имтиёзи иппон ҷудокори филиппинӣ Алвин Мендозаро ба осонӣ мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Ҷебов бо намояндаи бетараф Мурод Чопанов гӯштин гирифта, ноком гардид ва ба даври тасаллобахш рафт.
Дар ин марҳила Ҷебов бо Тео Ҳебрарди фаронсавӣ гӯштин гирифт ва музаффарият ба даст овард.
Ҳамакнун, бегоҳии имрӯз Обид Ҷебов бо Эрхембаяр Баттогтохи муғул барои нишони биринҷӣ мубориза мебарад. Баттогтох дар мусобиқаҳои Grand Slam 1 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дорад. Оғози рақобати ҷудокорон соати 18:00 дақиқа аст.