• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Friday, June 13, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Кумита

ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024. Беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд

05.02.2025
in Кумита, Медиа, Сиёсати давлатии ҷавонон, Сиёсати ҷавонон, Стипендия ва грантҳо, Хабарҳо, Хабарҳои кумита, Чорабиниҳо, Ҷавонон
ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024. Беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд

Имрӯз, 4 – уми феврали соли 2025 дар бинои Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев” маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва  қадрдонии   ғолибони озмунҳои соҳавии  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида  шуданд.

Дар маросими мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён, ғолибони ҷоизаву озмунҳои дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2024 эълон гардида иштирок намуданд.

Пеш аз оғози маросими расмии ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметражи дастовардҳои давоми соли 2024 Кумита дар самти кор бо ҷавонон манзури ҳозирин гардонида шуд.

Сипас, дар қисми расмии чорабинӣ иброз шуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаю ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба интихоби касбу ҳунар ва имконияти рушди ин соҳаи муҳим ниҳоят гаронарзиш буда, давоми соли 2024 новобаста аз шароити ҷаҳонии фарогир силсилаи ҳавасмандиҳоро барои ҷавонон амалӣ намуд.

Бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат,  адои қарзи ҳарбӣ,  хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст. Имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият 12 нафар беҳтаринҳо ба ин ҷоизаи  «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ»  сазовор  гардиданд.

Ҳамзамон ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар маросими ҷоизасупорӣ нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2024», «Беҳтарин волонтёри соли 2024», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2024», “Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2024”, “Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар соли 2024”, “Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024”, “Беҳтарин сохтори кор бо ҷавонон дар соли 2024” ва дигар номинатсияҳо ҳавасманд гардонда шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, давоми соли 2024 бо мақсади арҷ гузоштан ба айёми фараҳбахшу созгори умри инсон – ҷавонӣ ва ифтихор аз фазои ободу ороми Ватан, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва васфи саодати баланди ҷавонони Тоҷикистон, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии муваффақияти ҷавонони солҳои соҳибистиқлолӣ, васфи хотироти ҷавонии фарзонагони миллат ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он ду озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ- «Васфи ҷавонӣ» ва «Ватан-шукуҳат побарҷо» эълон гардида буд, ки ҳарду озмун натиҷагирӣ ва ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан, тазаккур дода шуд, ки ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти ҷомеа бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёд тақозо мекунад.

Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин насли ояндасоз баръало эҳсос гардида, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат интихоб гардидааст.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии истеъдодҳои наврасу ҷавон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар наврасе, ки бо навори кӯтоҳ тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ бо истеъдоди баланди фарҳангии худ дили ҳазорон бинандаву шунавандаро ба ваҷҳ оварданд, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе даъват намуда, дар маросими ҷоизасупорӣ сабти навори онҳо намоиш дода шуда, ҳар сеи онҳо бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ аз ҷониби Кумита қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон гурӯҳи ҳаваскорони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду оҳангҳои ҷазобӣ ватандӯстиву ҷавонӣ фазои чорабиниро гарму мунаввар гардониданд.

Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита

Next Post
Тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Чин дар самти кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш

Тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Чин дар самти кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Тавсияшуда

АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛАТ

АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛАТ

4 months ago
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд

8 months ago

Хабарҳои машҳур

  • ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: ДАСТОВАРДҲО ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • 16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj