Имрӯз, 6 – уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти Шӯро дар нимсолаи дуюми соли 2023 ва соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор шуд.
Ҷаласа дар бинои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии доир гардида, дар кори он ҳайати олимони ҷавон, раисони шӯрои олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.
Пеш аз оғози ҷаласа меҳмонон аз гӯшаи намоишии дастовардҳои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон боздид намуданд.
Нахуст Раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, дарҷ намуданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат қарор дошта, давлат ва Ҳукумат барои пешбурди сиёсати ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба самти пешбурди илм ва инноватсия дар Тоҷикистон нақшаҳои гуногуни давлатиро дар амал татбиқ намуда истодааст. Ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳурияии гуногун дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон ва кашшофони оянда нишони ин гуфтаҳо аст.
Иброз гардид, ки имрӯзҳо барои ҷалби ҷавонон дар соҳаи илм ва инноватсия ва таъмини шароити хуби илмӣ — омӯзишӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имконият фароҳам оварда шудааст. Олимони ҷавон метавонанд, ки бо истифода аз фурсати муносиб таҳсил ва таҳқиқоти илмии худро дар хориҷи мамлакат идома диҳанд.
Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари олимпарвар ва илмдӯст вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии илм ва махсусан олимони ҷавонро дар авлавияти сиёсати худ қарор додаанд, чунин иброз доштанд зимни мулоҳизаронӣ Раиси Кумита.
Рӯзномаи ҷаласа аз рӯи масъалаҳои зерин муҳокима гардид:
- Ҳисоботи фаъолияти Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти Шӯро дар нимсолаи дуюми соли 2023 ва соли 2024.
- Интихоби ҳайати Раёсати Шӯро, раис, муовин ва котиби Шӯро дар сатҳи ҷумҳурӣ.
- Тасдиқи низомномаи Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон.
- Тасдиқи нақшаи кории Шӯрои олимони Тоҷикистон барои соли 2025 ва масъалаҳои ҷорӣ.
Мутобиқи масъалаи якуми ҷаласа ҳисоботи фаъолияти Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти Шӯро дар нимсолаи дуюми соли 2023 ва соли 2024 ироа гардида мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи масъалаи дуюми ҷаласа Раёсати Шӯро дар ҳайати 13 нафар дар сатҳи ҷумҳурӣ пешбарӣ ва интихоб гардида, аз ин миён раис, муовин ва котиби Шӯро низ тариқи овоздиҳии дастаҷамъонаи ҳайати Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон интихоб шуданд.
Мутобиқи масъалаҳои баъди низомномаи Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон баъд аз ворид намудани тағиру иловаҳо дубора ба низом дароварда шуда, ҳамзамон нақшаи кории Шӯрои олимони Тоҷикистон барои соли 2025 тасдиқ гардида, барои корбарӣ дар соли 2025 равона карда шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа олимони ҷавон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) аз дохили толор ва дигари манотиқи кишвар вобаста масъалаҳои ҷаласаи кории Шӯро табодули афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои олимони ҷавон тариқи ягон платформаи нави торнамои анкабут тақвият дода шуда, иҷроиши бандҳои нақшаи кории Шӯро дар соли 2025 ба тарзи наву самарабахш корбарӣ карда шавад. Инчунин ироа гардид, ки баргузории чунин ҷаласаҳо метавонад ҳамкории олимону муҳаққиқони ҷавони моро дар самтҳои гуногуни илмӣ густариш бахшад.
Иштирокдорон роҳҳои дар оянда боз ҳам тақвият додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотиро дар байни ҳамдигар баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки тамоми имконияти мавҷударо ба ин самт ҷалб хоҳанд кард.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита