Имрӯз, 10 – уми январи соли 2025 дар толори асосии Кумита ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои се моҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид, ки дар кори он Амриддин Умарзода – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Раис, Дилшод Назарзода – ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, роҳбарони сохтор ва зерсохтори Кумита дар вилоят, шаҳру ноҳия ва кормандони Дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Пеш аз оғози қисми расмии ҷаласаи ҳайати мушовара ҳама дастаҷамъона бо як ритм Суруди миллиро зам – зама намуданд.
Нахуст доир ба фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он дар соли 2024 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода баромад намуд.
Қайд карда шуд, ки соли 2024 барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли таърихӣ ва пур аз руйдодҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар соли мазкур 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуданд. Воқеаи дигари таърихӣ ин ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 декабри соли 2024 мебошад.
Кумита дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, татбиқи қонунҳои амалкунанда ва барномаҳои соҳавӣ баҳри татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш давоми соли 2024 тадбирҳои мушаххас андешида, бо роҳандозӣ намудани механизмҳои тарҳрезишуда дар фаъолияти худ, ки мунтазамӣ ва фарогирии кулро миёни ҳамаи қишри ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон таъмин намуда истодааст, истифода намуд.
Дар соли 2024 аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система, инчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 42534 чорабинӣ бо фарогирии 4 263 590 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 аз лиҳози теъдоди чорабиниҳо 430 адад ва ё 1,1% ва аз лиҳози фарогирӣ 301 126 нафар ва ё 4,4% зиёд мебошад.
Аз 42534 чорабинӣ 22120 адад чорабиниҳои хусусияти назариявиядошта дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо фарогирии 1324218 нафар ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ ва 20414 корҳои амалӣ (чорабиниҳои гуногуни амалӣ амсоли конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, ҳамоишҳо, аксияҳо, аёдат, чорабиниҳои хусисияти ватандӯстидошта, силсила – чорабиниҳои маърифатию адабӣ, фарҳангӣ – фароғатӣ, иттилоотию тарғиботӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон) ташкил медиҳад, ки дар чорабиниҳои мазкур 2939372 нафар иштирок ва ба маълумотҳои зарурӣ фаро гирифта шуданд.
Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 1 адад маркази ҷавонон ба истифода дода шуда, бунёди маркази ҷавонон дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Турсунзода оғоз гардид.
Тадбирҳои андешида дар самти тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш. Дар соли 2024 11026 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 127 варзишгоҳ, 7662 майдончаи варзишӣ, 2273 толорҳои варзишӣ, 104 ҳавзҳои шиноварӣ, 89 маҷмааҳою марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мавҷуд мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд (+141 адад иншоот зиёд гардид).
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар маҷмуъ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ давоми соли 2024, дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигадонии варзиш – 39161 чорабинӣ бо иштироки 3 миллиону 800 ҳазору 455 нафар, аз ҷумла 520 ҳазору 520 нафар бонувон, инчунин 2 милиону 660 ҳазор нафар мухлисон, доир карда шуд, ки ин шумора аз лиҳози теъдод нисбат ба соли 2023, 427 чорабинӣ зиёд ва аз лиҳози фарогирӣ бошад 100645 нафар зиёд мебошад.
Тадбирҳои андешида дар самти рушди варзиши касбӣ бошад, дар соли 2024 аз ҷониби Кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзишии кишвар 1126 нафар варзишгар, аз ҷумла 354 бонуи узви дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 448 медал, аз ҷумла 134 тилло, 108 нуқра ва 206 биринҷӣ ворид намуданд, ки натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2023, 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки 448 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгаронамон баланд бардошта шуда, 134 маротиба суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.
Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби дастгоҳи марказии Кумита дар доираи Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, 145 чорабиниҳои варзиши касбӣ бо фарогирии 13490 нафар варзишгарон, аз ҷумла 3714 нафар бонувон баргузор гардид.
Дар маҷмӯъ аз ҷониби дастгоҳи марказии Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи марҳилаҳо 9250 чорабиниҳои варзиши касбӣ бо фарогирии 640750 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Инчунин, дар соли 2024 варзишгаронамон тавонистанд ба як қатор дастовардҳое ноил шаванд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бесобиқа ва бори аввал мебошанд. Чунончӣ:
Бори аввал дар кишвар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии “Гранд-Слам Душанбе-2024” бо иштироки 446 нафар варзишгар аз 65 давлати Ҷаҳон баргузор гардид, ки варзишгаронамон бо ба даст овардани 7 медал, аз ҷумла 1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар зинаи панҷуми кишварҳои иштирокчӣ қарор гирифтанд;
Бори нахуст варзишгаронамон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар аз рӯи намуди футзал ба мариҳлаи нимманиҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфта, дарёти роҳхат ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзалро пайдо намуданд;
Бо аввал дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб футзалбозони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок карда, ҳунарнамоии хуб нишон доданд;
Бори нахуст 6 нафар варзишари тоҷик аз риштаи ҷудо роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024-ро соҳиб гардиданд, ки дар таърихи ҷудои варзишии кишвар беназир аст.
Бори аввал дар кишвар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо иштироки хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва варзишгарон аз 62 давлати ҷаҳон баргузор гардид, ки ин руйдод дар таърихи варзишии кишварамон саҳифаи навро боз намуд;
Нахустин маротиба дар таърихи варзишии кишвар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон доир гардид, ки дар он зиёда аз 800 нафар меҳмонону варзишгарон аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд;
Бори нахуст дар дар кишвар Чемпионати ҷахон оид ба варзиши сайёҳӣ баргузор гардид;
Муштзанони навраси тоҷик бори нахуст дар Чемпионати осиё иштирок карда, ба хазинаи варзишии кишвар 11 медал, аз ҷумла 4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷиро ворид сохтанд;
Бори нахуст муштзанони бомаҳорати тоҷик дар Чемпионати осиё оид ба бокс байни калосолон иштирок карда, ба хазинаи варзишии кишвар 5 медал, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷиро ворид намуданд;
Варзишгаронамон аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024, 3 медали биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуданд, ки ин дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори аввал мебошад;
Бори аввал аъзои дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба волейбол барои гирифтани роҳхат ҷиҳати иштирок дар Чемпионати осиёро пайдо намуданд.
Дар маҷмуъ, натиҷаҳои болозикр нишон дод, ки дар соли 2024 дар тамоми самти фаъолияти Кумита 90945 чорабинӣ бо фарогирии 8 684 795 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа, варзишгарон, иштирокчиён ва мухлисони чорабиниҳои варзишӣ доир шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 аз лиҳози теъдоди чорабинӣ 392 адад ва ё 1% ва аз лиҳози теъдоди фарогирӣ 75819 нафар ё 1% зиёд мебошад.
Дар идомаи баромади хеш Раиси Кумита доир ба дигар бахшҳои фаъолияти соҳа дар соли 2024 низ маълумот пешниҳод кард.
Сипас, сардорони Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ВМКБ аз натиҷаи фаъолияти соҳа давоми соли 2024 дар ҳудуди минтақаи худ ҳисобот пешниҳод намуда, барои ислоҳи мушкилиҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарият дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Баъдан, Амриддин Умарзода – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, доир ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ибрози андеша кард.
Дар ин замина, қайд карда шуд, ки соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат дар маркази диққати Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки 28 декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масъалаҳои муҳими соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар дар ҳарду ҷабҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳо ва рушд додани соҳа, инчунин тарбияву ба камол расонидани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дастуру супоришҳои мушаххас дода, роҳҳои нави омодасозии мутахассисони касбиро аз ҳисоби ҷавонон пешниҳод намуданд.
Ҳамин тавр, дар идомаи ҷаласаи солонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Зимнан, муовинони соҳавӣ фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқи ҷадвали махсус мавриди таҳлил қарор дода, натиҷаи таҳлилро тавассути ҳисоботи таҳлилӣ ироа намуданд.
Аз натиҷаи ҳисоботи ироа шуда фаъолити сохтор ва зерсохтори Кумита давоми соли 2024 натиҷагирӣ карда шуда, Раиси Кумита, ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии Кумита, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳа то ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2025 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон аз масъулини сохтор ва зерсохтори Кумита талаб карда шуд, ки дар раванди ҳассоси ҷаҳонгароӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ба роҳи рости ватандориву ватандӯстӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва баланд бардоштани нуфӯзи варзиши тоҷик аз тамоми фишангҳои солиму созанда истифода намоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва аҳолӣ бояд дар тарбияи насли бофарҳангу босавод ва огоҳу масъулиятшинос, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва иҷроиши нақшаҳои ба тасвибрасида пайваста чораҳо андешида шаванд.
Дар интиҳои ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита


















