• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Monday, June 16, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Ҷавонон Мақолаҳо

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст

05.04.2025
in Мақолаҳо, Сиёсати ҷавонон, Хабарҳо
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст

ДУШАНБЕ, 20.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли 2025 таъйин карда шудааст, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст, идома доранд. Дар раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми ҷавонон ва иштироки онҳо чӣ гуна арзёбӣ мегардад? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин мақсад бо коршиноси Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ Анушервон Зафарзода мусоҳиба намуд.

АМИТ «Ховар»: Президенти Тоҷикистон ба ҷавонони мамлакат ҳамчун неруи фаъолу боғайрат ва ташаббускору созанда эътимоди зиёд доранд ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ободу пешрафта ба онҳо такя мекунанд. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

Анушервон Зафарзода: Омӯзиши қонуният ва равандҳои рушди муносибатҳои иҷтимоӣ бори дигар аз он дарак медиҳад, ки ҷузъҳои мустаҳками занҷири иҷтимоиро дар ҷомеа маҳз қишрҳои иҷтимоӣ ташкил дода, хусусиятҳои синусолӣ, ҷинсӣ, фарҳангӣ ва ақидавию мафкуравӣ ба сифати умумияте баромад карда метавонанд, ки ба таъмини ягонагӣ ва фаъолнокии онҳо мусоидат намоянд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон хусусияти дурбинона дошта, ҳадафаш поягузорӣ барои тарбия ва ташаккули насле аст, ки тавонад анъанаи неки гузаштагони худро ҳифз намуда, давлати миллии худро дар даҳсолаю садсолаҳои минбаъда пешрафтаю шукуфон нигоҳ дорад.

Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ тавонистанд дар гирудори ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа тарбия ёфта, дар низоми мавҷудаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун қишри фаъол мавқеи устуворро ишғол намоянд. Аз ин рӯ онҳо аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун «захираи стратегӣ» эътироф шуда, аз таваҷҷуҳи хосса бархӯрдор мебошанд.

Ин насл бо масъулияти баланди шаҳрвандию ватандӯстӣ рисолати соҳибватаниро сарбаландона пеш мебарад. Ҷавони имрӯза бунёдгари чобуку кордони иншооти аср, ҳомии Ватан ва марзу бум, варзишгари муваффақу олими муаррифи сарзамин, ҷасуру ғаюр ва дар роҳи ба даст овардани мақсад пешсаф аст.

Ҳукумати мамлакат барои тақвияти малакаю дониш ва кордонии ҷавонон тамоми имконияти заруриро фароҳам оварда, барои пешрафташон шароити муносиб фароҳам овардааст. Ҳамзамон бо ин ҷавонон насле маҳсуб мешаванд, ки дар замони мушкилу пуртазоди ҷаҳонишавӣ масъулияти ватандӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳоро бар дӯш доранд.

Ҷавонони мо бояд бо эҳсоси баланди масъулият дарк намоянд, ки мураккабии равандҳои сиёсии ҷаҳон аз онҳо зиракӣ ва бедории сиёсии бештар тақозо менамояд. Ин насл бояд ба равандҳои муосир муносибати бошуурона дошта бошад, то ягон неруи манфиатдор натавонад онро аз роҳи интихобкардаи ватансозияш баргардонад.

АМИТ «Ховар»:Ҷалби ҷавонон ва фаъолияти онҳо дар раванди интихобот аз кадом ҷиҳат  муҳим мебошад?

Анушервон Зафарзода:  Дар ҷомеаи мо ҷавонон  маҳз ҳамон қишри иҷтимоие мебошанд, ки неру ва имконияти васеи фаъолияти мақсаднокро соҳиб ҳастанд. Чуноне ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва масъулияти фардои давлати  соҳибистиқлоли худро бар дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».

Дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа тақозо менамояд, ки ҷавонон ҳар дафъа фаъолтару бошууронатар ба нақшу мавқеи худ муносибат намоянд.

Ҳар маъракаи интихобот, ки дар марҳилаҳои муайян дар мамлакат баргузор мешавад, имкони мусоиди санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дар ҳамин давра фазои сиёсии муносиб барои нишон додани мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Вобаста ба ин ҷалби ҷавонон ва фаъолияти онҳо дар раванди интихобот муҳим мебошад.

АМИТ «Ховар»: Ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан аз чандсолагӣ муайян шудааст?

Анушервон Зафарзода: Вобаста ба ҳуқуқи интихоботии ҷавонон бояд гуфт, ки ҳуқуқи интихоб намудан аз 18-солагӣ муайян шуда, ҳуқуқи интихоб шудан вобаста ба сатҳи мақомоти намояндагӣ гуногун мебошад. Аз ҷумла, барои вакилони маҷлисҳои ҷамоат аз 20-солагӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз 18- солагӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-солагӣ муқаррар шудааст. Муқаррароти синнусолие, ки қонунгузории давлат муайян намудааст, нишонаи фароҳам овардани шароити мусоид маҳз барои ҷавонон бобати истифодаи ҳуқуқи ғайрифаъоли интихоботӣ вобаста ба пешбарӣ шудан ба зинаҳои гуногуни мақомоти намояндагӣ мебошад.

Шаҳрвандони аз 18 то 30- сола маҳз қишри ҷавон мебошанд. Ин боз як имкони муносиб барои ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба фаъолияти намояндагӣ дар сатҳҳои гуногун мебошад. Вобаста ба ин қонунгузории мамлакат иҷозат додааст, ки ҷавонон ба сифати номзад чӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва чӣ тариқи худпешбарӣ дар зинаҳои гуногун пешбарӣ шуда, барои ба даст овардани муваффақият дар ин самт талош намоянд. Ҷавонон метавонанд ба ҳайси мушоҳидони миллӣ ва шахсони боэътимоди номзадҳо низ баромад намоянд. Фаъолият ба сифати иштирокчии раванди интихобот мактаби тарбия аст, то ҷавонон аз он таҷрибаи зарурии ҳаётӣ гиранд.

АМИТ «Ховар»: Барои назаррас намудани нақши ҷавонон дар раванди интихобот аз кадом роҳу усул метавон истифода бурд?

Анушервон Зафарзода:  Яке аз василаҳои муҳимми фаъол гардонидани нақши ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад, ки ба интихоби бошуурона ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ мусоидат менамояд. Ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ, таҳия ва чопи маводи иттилоотию маърифатӣ вобаста ба масъалаҳои интихобот, ташкили ҳамоишу аксияҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ, истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои маърифатию иттилоотие мебошанд, ки дар роҳи фаъолгардонии сиёсии ҷавонон нақши калон доранд.

Таҳияи роликҳои ташвиқкунанда иштирок дар интихобот ва самаранокии корбариро дар ин самт дучанд мегардонад. Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамкории зич менамояд. Ин қабил маводи иттилоотӣ, ки таҳиягарони онҳо маҳз ҷавонон ҳастанд, аз фаъолнокии ин қишри ҷомеа дарак медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нақши  волонтёрон чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

Анушервон Зафарзода: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти волонтёрӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» танзим карда мешавад.

Ҷалби волонтёрон тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар асоси ихтиёрӣ, беғаразӣ ва бе музд амалӣ карда мешавад.

Комиссияҳои дахлдори интихобот ҳамчун ташкилоти ҷалбкунанда аз хизматрасонии волонтёрон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, барӯйхатгирии интихобкунандагон, тақсимоти маводи иттилоотӣ, мусоидат дар баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иттилоотонии интихобкунандагон аз қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот, роҳбаладии мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар участкаҳои интихобот ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд истифода бурда метавонад.

Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо волонтёрон бо назардошти малакаҳои забондонӣ, қобилияти муоширату ташкилотчигии онҳо, вазъи саломатӣ ва устувории равонӣ машғулияти омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои дахлдори интихобот тавассути ҷалби волонтёрон метавонанд рӯйхати нафаронеро, ки бори нахуст овоз медиҳанд, омода созанд. Дар ин робита дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ баргузор намудани Рӯзи интихобкунандаи ҷавон ва ташкили гӯшаҳои иттилоотии «Интихобкунандаи ҷавон» ба мақсад мувофиқ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Дар интихоботи парлумонии соли 2020 ҷавонон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон чӣ нақш гузоштанд?

Анушервон Зафарзода:  Татбиқи тадбиру чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ имкон медиҳад, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон баланд бардошта шуда, муҳим будани иштироки ҳар яки онҳо дар интихобот дуруст дарк карда шавад. Хусусан болоравии сатҳи ташаббусҳои шаҳрвандии онҳоро метавон таъкид намуд. Таҷрибаи интихоботи парлумонии соли 2020 нишон медиҳад, ки ҷавонон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон дар ин раванд иштироки фаъолона доштанд. Аз ҷумла, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар байни аҳолӣ чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории интихоботӣ гузаронида, бо теъдоди зиёда аз  40 ҳазор буклету варақаҳои иттилоотӣ чоп ва дар байни интихобкунандагон паҳн намуданд.

Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди интихобот васила ва нишонаи камолоти фарҳанги сиёсию ҳуқуқии онҳо маҳсуб мешавад. Аз интихобот то интихобот сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии насли ҷавон такмил меёбад. Муносибати бошууронаи онҳо ба иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ, дарки вазифаҳо дар назди ҷомеа ва давлат ва кӯшиши иштироки фаъолона дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ифодаи ташаккули насли ҷавони худшинос дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Зарангези ЛАТИФ
АМИТ «Ховар»

Next Post
ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст

ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст

Тавсияшуда

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ДУ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ДУ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН

8 months ago
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим корхонаи коркарди ангати ҶДММ «Гулчеҳра-80»-ро ифтитоҳ намуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим корхонаи коркарди ангати ҶДММ «Гулчеҳра-80»-ро ифтитоҳ намуданд

8 months ago

Хабарҳои машҳур

  • 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Таджикистан и Кыргызстан подписали Программу сотрудничества в области молодёжной политики

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj