Имрӯз, 9 – уми октябри соли 2024 Раиси Кумита дар доираи сафари корӣ ба якқатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ва ВМКБ аз имконоту шароити кор дар Маркази ҷавонон ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ боздид намуданд.
Зимни боздид аз утоқҳои барҳавои корӣ ва шароити муҷаҳҳазӣ техникиву инфрасохтории Маркази ҷавонони ноҳия, ки ҳамзамон Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия низ дар бинои мазкур қарор гирифтааст Раиси Кумита аз наздик ошно шуда, барои тақвият додани фаъолияти корӣ, истифодаи самараноки утоқҳои муҷаҳҳази омӯзишиву таълимии марказ ба манфиати ҷавонони ноҳия ва барои ба дараҷаи сифатан нав баровардани фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Восеъ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон дар толори Маркази ҷавонон бо ҳайати фаъоли волонтёрон ва хонандагони курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар ноҳия суҳбат намуда, дарҷ намуданд, ки фаъолияти бонизоми шумо ҷавонони саодатманди диёр метавонад, идеяҳои созанда ва ташаббусҳои нав ба навро рӯйи кор орад ва ин иқдомҳо метавонанд дар мавқеи устувор пайдо намудани ҷавонон ва фаъолнокии онҳо дар ҷомеа нақши муҳим бозанд.
Таманно мекунем, ки шумо волонтёрони азиз ҳамеша чун нерӯи пешбаранда, созандагони имрӯзи фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошед, илова намуданд Раиси Кумита дар суҳбат бо волонтёрони ноҳияи Восеъ.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита










