Зимни сафари корӣ дар ВМКБ Раиси Кумита аз шароит ва имконоти яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллӣ ва Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз дидан намуда, бо афсарону сарбозон сӯҳбат намуданд.
Зимни боздид аз шароити хизмат дар қисми низомиву дидбонгоҳи марзии мазкур ва мулоқоту сӯҳбат бо сарбозону афсарон Раиси Кумита аз имконият ва имтиёзҳое, ки давлат барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон муҳайё гардонидааст сухан намуда, дарҷ намуданд, ки “…бояд ҷавонони шуҷои Ватан бо азми дил баҳри пойдории сулҳу оромӣ, Итстиқлолу озодӣ равонаи хизмати Модар-Ватан бошанд. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Ин гувоҳӣ аз азму иродаи қавии шумо ҷавонони бонангу ор ва ватандӯст мебошад, ки баҳри ҳифзи Ватан аз ҳар гушаву канори кишвар дар мактаби ҷасорат гирд омада, ҷиҳати нигаҳдории амнияту суботи ин сарзамини биҳиштосо дар чунин шароиту имконоти хуби хизмат ифои хидмати Ватан – Модар карда истодаед.”
Ҳамзамон ба чанде аз афсарону сарбозон ҷиҳати хизмати намунавӣ ва ҷасорати баланди ватандӯстӣ тӯҳфаҳои варзишӣ эҳдо гардид.
Раиси Кумита ба ҳомиёни Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдоди, нигаҳдошти сулҳу субот ва ҳимояи оромиву осудагии ҳар ваҷаб хоки кишвар барору музаффарият таманно намуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита









