Имрӯз, 10 – уми октябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ Раиси Кумита аз толори варзишии Вастани ноҳияи Дарвоз, ки дар тарбияи ҷудочиёни наврасу ҷавони ноҳия заминае хуб гузоштааст дидан намуда, бо варзишгарони наврас сӯҳбат намуданд.
Зимни сӯҳбат дарҷ гардид, ки гӯштини ҷудо яке аз намудҳои бо суръат рушдёфтаи варзиш миёни ҷомеа маҳсуб ёфта, сол ба сол ин намуди варзиш шӯҳрати хоса пайдо намудааст. Аз он ҷумла дар кишвари мо низ ин намуди варзиш мавқеи баланди рушди худро касб намуда, дар як марҳила кӯтоҳ парчамбардорони мо ду медали олимпиро аз ин намуди варзиш ба хазинаи дастовардҳои варзишии кишвар ворид намуданд, ки ин боиси сарфарозӣ ҳамаи мо буда, шавқи варзишии шуморо ба ин намуди варзиш бештар менамояд.
Таъкид намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани нуфӯзу эътибори варзиши тоҷик бояд бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ машқу тамрини худро тақвият дода, парчамбардори ин меҳани қаҳрамонофару муқаддас дар арсаи байналмилалӣ бошанд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита


