Имрӯз, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба якқатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ва ВМКБ бо мақсади ошно гардидан аз вазъи фаъолият дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба мавзеъи сохтмони бинои Маркази ҷавонони ноҳия омада аз наздик бо рафти корҳои бунёдӣ дар ин иншооти соҳаи кор бо ҷавонон шинос шуданд.
Раиси Кумитаро дар рафти боздид аз иншооти соҳа Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дигар масъулони сохтор ва зерсохтори Кумита ҳамроҳи намуданд.
Ба Роҳбарияти Кумита иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази ҷавонон 68 дарсад ба анҷом расида, ҷиҳати мутобиқ намудан ба нақшаи бунёдӣ, корҳои ороишиву васлгардонӣ, ба танзимдарории гирду атрофи бино, сафолакпӯш намудани роҳраву гулгашт ва дигар корҳои ҷузъии сохтмонии иншоот идома дошта, сохтмони он бо тарҳ ва сифати хубу замонавӣ дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Раиси Кумита барои бо сифати хуб ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита












