Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иншооти таъиноти гуногун мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Имрӯз, 11 октябри соли 2024 Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Илҳом Аҳмадзода раиси ноҳияи Рӯшон дар рафти ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳия иштирок намуда, иншооти мазкурро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Майдончаи варзишии назди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба номи олими забоншинос Додихудо Карамшоев, ки аз ҷониби ширкати ватанӣ “Помир Энерҷӣ” бунёд шудааст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, бо наврасону ҷавонони ноҳия сӯҳбати самимӣ доир гардид.
Дарҷ гардид, ки дар шароити имрӯза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишро ба сифати яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи аҳолӣ бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисмониву заковати солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Ҳамзамон чанд нафар фаъолон бо Сипосномаи Кумита ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Раиси Кумита ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита















