Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иншооти таъиноти гуногун мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Имрӯз, 11 октябри соли 2024 Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯшон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдасти Бағу ва Емсии ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳия, ки аз ҷониби соҳибкорони ҷавону ватандӯсти ноҳия бунёд гардидаанд иштирок намуда, иншооти мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони майдончаи варзишӣ ва ду бунгоҳи тиббии дар деҳаҳои дурдасти Бағу ва Емсии ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳия бунёд гардида дар доираи Барномаи корҳои ободонӣ бахшида омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷавонони ватандӯстӣ ноҳия сохта ба истифода дода шуд, ки дар рушду нумӯи варзиш ва таъмини тарзи ҳаёти солим дар ин гӯшаи дурдасти ноҳия хизмат хоҳад кард.
Майдончаи варзишӣ бо ҷойгиркунонии майдони футбол ва волейбол аз тарафи чанд тан аз соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати (20х40) 800 метри мураббаъ сохта шуда, ҳамзамон барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба сокинони деҳаи Бағу дар шафати майдончаи варзишӣ як Бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо шароити муосири табобат бунёд гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 27 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муввақатӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Инчунин, дар масофаи 5 км поёнтар аз деҳаи Бағу дар деҳоти Емсии ҷамоати деҳоти Рӯшон дар доираи иқдоми бунёдии соҳибкорони ҷавони маҳал як Бунгоҳи тиббии муосир барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ бунёд гардидааст, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни ифтитоҳи иншоотҳои мазкур Раиси Кумита бо ҷавонону сокини маҳал сӯҳбат намуда, дарҷ намуданд, ки ба машғулиятҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои иртиҷоӣ мебошад.
“Таманно мекунем, ки дар хоки қаҳрамонофари Тоҷикистон, дар боду ҳавои мусафои Бадахшони нозанин бо истифода аз чунин имкониятҳои хуби варзишӣ беҳтарин паҳлавонону варзишгарон тарбият ёфта парчамбардори меҳан дар арсаи байналмилалӣ гарданд.” – илова гардид зимни сӯҳбат.
Майдончаи варзишиӣ дар чунин деҳаи дурдаст имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон дар вақти машғулиятҳои варзишӣ ба обу тоби бадан ва тақвият додани истеъдоди варзишии худ машғул шуда, вақти хешро самаранок истифода намоянд.
Гирду атрофи майдонча бо баландии 6 метр панҷарабандӣ карда шуда, бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки имкони дар қисмати бегоҳ ва шабона барои бозии футбол муҳайё мебошад.
Бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар чунин деҳаҳои дурдаст дастоварди хеле муҳими даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои дар фаслҳои сармо, ки масофаи роҳ мушкилгузару душвор мегардад то маркази ноҳия, ба табобат ва ташхиси аввалияи тиббӣ қарор гирифтан дар чунин деҳаи дурдаст муҳим ва саривақтист.
Раиси Кумита ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси Кумита аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.
Ҳамчунин ба варзишгарону ҷавонони фаъол сипосномаи Кумита ва тӯҳфаҳои хотиравию лавозимоти варзишӣ тақдим карда, ба фаъолияти ин майдончаи варзишӣ оғоз бахшиданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита


















