Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иншооти таъиноти гуногун мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Имрӯз, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Шуғнон ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Пашор ва Бунии ноҳияи Шуғнон ду толори варзишии муосирро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Сохтмони толорҳои варзишии муосир дар назди муассисаи таълимии №8-и ноҳия воқеъ дар деҳаи Бунии ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов ва дар назди муассисаи таълимии №14-и деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон дар доираи Барномаи корҳои ободонӣ бахшида омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.
Толорҳои варзишӣ аз ҷониби Шарикони рушд ва соҳибкорони ҷавони деҳаҳо бунёд гардида, имкон медиҳад, ки хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва №14-и ноҳия дар якҷоягӣ бо дигар ҷавонони деҳаҳои атроф дар фаслҳои тобистон ва зимистон ба варзиш машғул шаванд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита












