Санаи 17 – уми октябри соли 2024 дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Башкортостани Федератсияи Россия маросими кушодашавӣ ва намоишгоҳи 12 – умин Форуми байналмилалии варзишӣ таҳти унвони “Россия кишвари варзишӣ” доир гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 20 кишвари дунё иштирок доранд.
Мақсад аз баргузории Форуми болозикр рушди муносибатҳои байналмилалии варзишӣ ва мубодилаи таҷриба байни кишварҳо мебошад.







