Дар бинои Кумита мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим бо ҳайати Ҷумҳурии Гана таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ион Кваку Амиратвум Сарпонг доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш табодули афкор намуданд.
Аз ҷониби ҳайати кишвари Гана ба фаъолияти волонтёрӣ ва сиёсати давлатии кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуда, ҷиҳати мубодилаи таҷрибаи кишвари мо дар ин самт дар кишвари худ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда форуми ҷавонони Тоҷикистону Ганаро ба нақша гирифтанд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита


