Санаи 18 октябри соли 2024 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии варзишӣ, ки дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия баргузор гардида истодааст, мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо Вазири варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Сергей Ковальчук доир гардид.
Дар аввал ҷонибҳо аз муносибатҳои стратегии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, махсусан муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони давлатҳо қайд намуда, ба мувофиқа омаданд, ки дар идомаи ин ҳамкориҳо ҷиҳати боз ҳам рушд додани муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мулоқоти мазкур бо ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

