Имрӯз, 7 – уми октябри соли 2024 дар заминаи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои соҳавии мураббиёну варзишгарон дар самти психологияи варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” таҳти унвони “Нақши психологияи варзишӣ дар ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон: роҳҳои беҳтар кардани натиҷаҳои варзишӣ”, бо ҷалби мутахассиси хориҷӣ семинар – тренинги омӯзишӣ роҳандозӣ гардид, ки чорабинии омӯзишӣ аз 7 –уми октябр оғоз гардида, то 10 – уми октябри соли ҷорӣ идома ёфта, иштирокчиён бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд.
Чорабиниро муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ифтитоҳ намуда, дарҷ намуданд, ки семинар барои варзишгарон ва мураббиён имкони хубест, то ки донишу таҷрибаи худро дар соҳаи психологияи варзишӣ ғани сохта, усулҳои муоссири баланд бардоштани натиҷаҳои варзиширо омӯзанд.
Равоншиносӣ воситаи муассири ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон аст, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои олӣ, кӯмак мекунад. Аз ин лиҳоз, дар баробари омодагии ҷисмонӣ, омодагии равонӣ низ нақши ҳалкунанда дар музаффарияти варзишгарон мебозад, чунин илова гардид зимни кушодашавии семинари мазкур.
Аз ҷониби МД “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” барои дар сатҳи баланди омӯзишиву ташкилӣ ба роҳ мондани чорабинии мазкур, мутахассиси сатҳи байналмилалӣ, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ дар соли 2000 – ум аз намуди варзиши Таэквондо, психологи соҳибтаҷриба, мураббии психологияи варзишии чандин варзишагрони муваффақи ҷаҳон Наталия Иванова аз Федератсияи Россия даъват гаридааст, то ин ки ӯ бо таҷрибаи зиёда 42 солаи хеш дар соҳаи психологияи варзишӣ мутахассисони моро ба роҳҳои нави идоракунии равонии варзишгарон ошно созад.
Семинари мазкур аз 10 модули омӯзишӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки мураббиён ва варзишгарон дар самтҳои гуногуни психологияи варзишӣ дониши худро такмил диҳанд. Ин ташаббус ҳамчунин барои нишон додани дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар буда, мо умедворӣ аз он мекунем, ки семинар ба ҳадафи аслии худ, беҳтар намудани натиҷаҳои варзишӣ тавассути ҳавасмандсозӣ ва идоракунии равонӣ комилан мерасад, иброз дошт Шаҳбози Исканадар – директори МД “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”.
Ёдовар мешавем, ки соли равон аз ҷониби МД “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ин маротибаи 5 – ум аст, ки аз хориҷи кишвар мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати омӯзонидани мураббиёну масъулини соҳа ва такмили донишҳои соҳавӣ даъват мегарданд.
Маркази таҳлилу иттилооти Кумита
АКС (Ittiloot Javonon)









