Имрӯз субҳ ҳайати кормандони сохтори марказии Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати амалисозии нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ, ки дар асоси дастури Раиси Кумита роҳандозӣ гардидааст дар саҳни Муассисаи давлатии боғи фарҳанги фароғатии Куруши Кабир ҷамъ омада, баҳри солимии ҷисму рӯҳи хеш дастаҷамъона машқҳои пагоҳирӯзиро анҷом доданд.
Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» тасдиқ гардидааст, ки дар асоси нақшаи мазкур кормандони вазорату идораҳо бояд дар рӯзҳои муайянгардида дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок намоянд.
Инчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур дар заминаи дастури Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


