Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ҳафтаи сипаригардида дар Саммити варзишӣ зери унвони “Дипломатияи варзишӣ”, ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардид иштирок намуданд.
Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими сулҳ ва муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар таърих он ҳамчун воситаи баланд бардоштани обрӯи давлату миллат ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳо хизмат мекунад.
Раиси Кумита дар доираи Саммити мазкур бо ҳамкорони худ, вазирони варзиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Россия мулоқот намуданд.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ба варзишгарони кишварҳои ҳамҷавори хеш барору музаффарият таманно намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати рӯшди варзиши минтақа табодули афкор сурат гирифт.








Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумита