Имрӯз дар доираи нақша – чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” бо мақсади баргузории дарси навбатии курси омӯзишии Пайравони Пешвои миллат дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси омӯзишӣ баргузор гардид.
Дарси омӯзишӣ дар доираи мавзӯи “Мактаби давлатдории Пешвои миллат – дарси бузургест барои ҷавонон” роҳандозӣ гардида, дар кори он Раиси Кумита бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, риштаи суханро ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён доданд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш аз замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, нақши Пешвои миллатро дар барқарории сулҳ ва ба даст овардани Истиқлолият назаррас маънидод карда, таъкид намуданд, ки дар замири ҳар як ҷавони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси бунёдгузори мактаби давлатдории навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло дорад. Зеро мактаби давлатдории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомул дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон низ дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Имрӯз шумо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Призденти кишвар нисбат ба шумо ҷавонон дорад, ҷавобгӯ бошед ва ин аз ҳар яки шумо масъулияти баландро дар назди Ватан -Модар ва ҷомеаву халқи азизамон талаб менамояд ва вазифадорамон месозад, ки бо неруи созандаву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мову шумо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар давлатҳо зина ба зина боло барем, тазаккур доданд, зимни суханронӣ Музаффар Ашуриён.
Дар фарҷоми дарси омӯзишӣ ҷавонони фаъоли ташкилот саволҳои муҳиму саривақтиро пешкаш намуда, аз Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои саҳеҳу мукамалро шуниданд.
Сипас дар доираи таҷлили сазовори 30 – солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири адлия ва масъулини вазорат нишонҳои сарисинагии рамзӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита















