Имрӯз, 1 – уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва таҷлили сазовори 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – иродаи мо ҷавонон дар роҳи давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идизода Файзалӣ – Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Мирзозода – Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идрисзода Валиҷон – Судияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ – муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти судӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, волонтёрон ва ҷавонони фаъол дар маҷмуъ 680 нафар иштирок намуданд.
Фазои идонаи чорабинии илмӣ – назариявӣ бахшида таҷлили 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ибтидо ёфта, нахуст Раиси Кумита ҳайати меҳмонону иштирокчиёнро ба ифтихори ин санаи муҳим 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, конференсияро расман ҳусни оғоз бахшиданд.
Зимни чорабинӣ ироа гардид, ки барои аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон мояи ифтихору сарфарозист, ки имсол низ ин ҷашни таърихию тақдирсозро бо шарофати сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар фазои сулҳу суботи комил, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, рӯҳияи баланди миллӣ ва ифтихори ватандорию меҳанпарастӣ таҷлил менамоем. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат унвон мекунем дар ҳифзу тараққии давлатдории миллиамон саҳми аввалиндараҷа дорад.
Раиси Кумита дарҷ намуданд, ки насли ҷавони кишвар ба хуби огоҳ аст, ки роҳи дар Конститутсия барои оянда муқарраршудаи миллиамон маҳз аз суханоне сарчашма мегиранд, ки муҳтарам Пешвои миллат бори аввал онҳоро аз минбари барои мардуми Тоҷикистон муқаддаси Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шӯрои олии Тоҷикистон баён доштаанд ва ин гуфтаҳо дар ин санади олӣ бо назардошти дар онҳо мавҷуд будани хостаҳои халқи шарафманди ватанамон инъикоси худро ёфтаанд. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Пешвои маҳбуби миллат Тоҷикистон аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, Истиқлолияти давлатии худро ҳифзу таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ, аз он ҷумла қабули Конститутсияи давлати навини худ ноил гардид. Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар қишри ҷомеа ба қадри ин арзиши муқаддаси милливу давлатиамон мерасанд ва ба он арҷ мегузоранд.
Баъд аз музокираву мулоҳизаронӣ дар қисми ҷамъбастии конфронс гурӯҳи ҳаваскорон барномаи идонаи консертиро пешкаши ҳозирин намуданд, ки ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита































