Имрӯз, дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Парчами мо парфишон аз Пешвои миллат аст!” Ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор гадид.
Чорабинӣ таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳуснигул Одиназода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор маърузаронӣ намуда, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, волонтёрон ва ҷавонони фаъол дар маҷмуъ 720 нафар иштирок доштанд.
Ҳайати меҳмонони чорабиниро оркестри ҳарбӣ – нафасии Гвардияи миллӣ бо оҳанги ватандӯстӣ истиқбол намуда, раёсати ҳамоиш пеш аз оғози чорабинӣ аз гӯшаи намоиши дастовардҳо боздид намуда, сипас, аз ҷониби иштирокчиён тариқи зинда Суруди миллӣ ироа гардида, ҳамоиши идона ифтитоҳ ёфт.
Раиси Кумита ҳайати меҳмононро ба муносибати ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намуда, дарҷ намуданд, ки даврони бузург ва муҳими парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва то имрӯз идома дорад, маҳз шурӯъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърихи дароз ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт, ормонҳои миллӣ маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо фикри равшанбини Сарвари эъморгари миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд. Парчами Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ орзуву ниятҳои миллати мо достон мекунад.
Вакили Парлумони кишвар аз мақом ва ҷойгоҳи муқаддасоти миллӣ сухан намуда, баён доштанд, ки Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи куҳанбунёди мост. Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.
Сипас, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо вобаста ба волоияти мавқеъи Парчами миллӣ дар раванди давлатдорӣ маърузаронӣ намудаанд.
Ҳамзамон гурӯҳи ҳаваскорон бо суруду оҳангҳои ватандӯстӣ фазои чорабинии идонаро гарму мунаввар гардониданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита
















