Имрӯз, 2 – юми декабри соли 2024 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо шарикони рушд баҳри таъмини оммавияти варзиш ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна хатарҳои муосир ва баланд бардоштани иммунитети шаҳрвандон дар мубориза бо оризаҳои сироятӣ марафони “Саломатӣ ва варзиш: роҳ ба сӯи огоҳии ВНМО” – ро баргузор намуд.
Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулиятҳои варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб мераванд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ватани азизамон аҳаммияти махсусан муҳимро касб намудааст.
Дар расми ифтитоҳи марафони мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шарикони рушд иштироку суханронӣ намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили марафони “Саломатӣ ва варзиш: роҳ ба сӯи огоҳии ВНМО” тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа, ки омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб меравад, василаест баҳри пешгирӣ ва коҳиш додани бемориҳои сироятӣ байни ҷавонон.
Марафони мазкур дар масофаҳои гуногун миёни мардон ва бонувон дар мавзеи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангии фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ» – и пойтахт доир гардида, баъд аз тай намудани масофаҳои муқарраргардида ғолибону ҷоизадорони марафони “Саломатӣ ва варзиш: роҳ ба сӯи огоҳии ВНМО” аз ҷониби ташкилкунандагон бо медал ва туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ гардиданд
Марафон дар фазои идона бо ҷалби ҷавонону фаъолони пойтахт доир гардида дилҳои пиру барноро ба ҳам овард.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита