Таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши наврасону ҷавонони пойтахт доир гардид.
Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI – уми Шурои Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳлиддин Ибодуллозода – Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Махфират Хидирзода – аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумуҳрии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он ҷавонону фаъолони пойтахти мамлакат иштирок намуданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш ҳайати иштирокчиён аз осорхонаи таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боздид намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки имрӯз зурур аст, ҷавонони саодатманди диёр аз таърихи истиқлоли давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва мактаби нодири давлатдории Пешвои муаззами миллат ба таври кофӣ бархӯрдор бошанд. Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ҷавонон меистад, ки дар муддати кутоҳ ҷиҳати таҳкими ин қишри муҳимми ҷомеа корҳои зиёду назаррас дар амал татбиқ гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш гурӯҳи ҳаваскорон бо сурудҳои ватандӯстона фазои чорабиниро гарму фарҳангӣ намуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита






