Воъқеан, Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик саҳифаи наверо боз намуда нақши он дар таҳкими давлатдории имрӯза аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.
Иҷлосияи тақдирсоз, ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод.
Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае гузошт.
Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.
Моҳи октябри соли 1992 пас аз вохӯрӣ бо нерӯҳои халқӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд, ин қарорро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пазируфтанд.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.
Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия XVI як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Нақш ва муҳимияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон, махсусан дар таҳкими ғояҳои давлатдориву давлатсозӣ аҳмияти ҷойгузин дорад.
Директори муассисаи давлатии ” Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба варзиши сабук”
Турсунзода Раҷабалӣ