Таърих ин китоби нодирест, ки лаҳзаву соату замонҳоро бо гузашти рӯзҳову ҳаводиси воқеъӣ сабт менамояд ва дар саҳифаҳои он чи хотироте аз воқеъот, дастовардҳо, бозёфтҳову шикасту бастҳо дарҷ мегарданд, ки ин ҳама, албатта тавассути заҳмати ақлонӣ ва нерӯи созандаи инсонҳо сурат мепазирад. Аммо вақт, ки вобаставу таърихсоз аст, ин ҳама ҳаводису дастовардҳоро дар сурате инъикос менамояд, ки бар ҳакиқати ҳол ҷавобгӯ бошанд ва шаҳодати ҳақиқат доштани онҳо аён бошад. Бахусус, дар сурати инъикоси чеҳраҳо, шахсиятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ. Аз ин ҷост, ки “таърих воқеъбин ва ҳақиқатнигор аст”, гуфтаанд ва ба таъбири дигар “таърих оинаест, ки ҷавҳари онро ҳеҷ зангеву санге ва ё сели замон намезудояд…”.
Хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Чунки Ӯ медонист, ки бе таъмини сулҳу салоҳ дар кишвар бунёд намудани дигар созандагиҳо ғайриимкон буд.
Бинобар ин, Сарвари давлат тамоми ҳастии худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон бахшиданд. Бесабаб нест, ки бисёре аз мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ консепсияи ризоияти миллӣ ва оштии халқи Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои нодире ҳисобиданд, ки таҷрибаи онро дар ҳалли муқовиматҳои сиёсӣ дар дигар давлатҳо истифода кардан мумкин аст.
Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусалаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд.
Ба андешаи банда, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳбахши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани чандин омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ дорад.
Масалан ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд – зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ин қарори Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд.
Ҳамчунин барои меъмори сулҳи тоҷикон шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сифати қавианосир сахт мусоидат кард: якум ҷасорати ба дӯш гирифтани масъулият ва фидокорӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ; дуюм эътимоди қишру табақаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати пазируфтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сарвари худ; сеюм эътирофи роҳбари нави давлати тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва неруҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.
Ҷамъбасти фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти ӯ гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Ӯ на танҳо тавонист, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар ташкил намояд, балки инчунин аз байни анбӯҳи неруҳои мухолифин низ аққаллияти конструктивиро пайдо кард ва онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намуд.
Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо ҳам барои ғунд кардани порчаҳои парокандаи сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Дар натиҷа, дастоварди муқаддастарини ин марҳилаи таърихии миллат, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор шуд, бозгашти наслҳо ба рӯзгори асли хеш осон гардид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи ирфонии «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ» дар баландиҳои осмони софу беғубори Ватани аҷдодӣ ошён гузошт.
Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаву имконияти хешро барои аз вартаи нобудӣ наҷоти додани миллату давлат равона сохт. Гарчанде, ин роҳ басо мураккабу душвор ва заҳматталаб буд, вале Пешвои муаззами миллат аз роҳашон нагаштанд, танҳо ба хотири наҷоти миллату давлат талош варзиданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар арсаи дунё дар байни сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ танҳо сарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст мухолифинро сари мизи музокирот шинонад ва барои хотима додани ҷанги хонумонсуз замима гузорад.
Фаромӯш набояд кард, он рӯзҳое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид аввалин бор ба Афғонистон сафар карданд. Ин сафари басо пурхатар буд. Ҳар лаҳза метавонист охирин бошад, зеро касе кафолати бехатариро дода наметавонист. Ҳангоми музокирот ҳаво сард буд на барқ буду на ҷойи мувоффиқи хоб! Дар ин ҳавои сард, дар ин ҷойи номувоффиқу бебарқ бе ҷойи мувофиқи хоб фарзанди фарзонаи миллат Пешвои ватандӯсту ватанпарвари мо, ҷони миллати мо, падари ғамхори халқу давлати мо ба ин ҳама сахтиҳо, ба ин ҳама сардиҳо, номусоидиҳо, таҳаммул карданд.
Тули ду шабона рӯз музокира карданд ва дар натиҷа Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ дар 8 банд таҳия ва ба имзо расид, ки дар натиҷаи он қарордоди оташбас имзо шуд.
Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарони давлатҳо ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расид. Ниҳоят сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ҷасорату матонат, ақлу заковат, тадбир ва хиради худододӣ тоҷиконро паси мизи музокирот шинонда, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшиданд.
Натиҷаҳои фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлату миллат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд.
Минбаъд тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии ин марди хирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, тамоми гурезаҳо ба кишвари азизамон бар гардонида шуданд, оилаҳо сарҷамъ шуда, кишвари маҳбубамон ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагиву бунёдкорӣ қадам ниҳод.
Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ изҳор доштанд: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳи рушдро тай мекунад ва сол то сол ба хазинаи кишвари азизи мо дастоварде зам шуда истодааст. Фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амнияти комил, бунёди иншоот ва инфрасохтори таъиноташ гуногун, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо, ба миён омадани корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзишу саёҳӣ, қабул ва амалигардонии даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва ҳазорҳо дастовардҳои дигар ҳамагӣ аз самари бобаракати Ваҳдати миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.
Мо дар баробари ин ҳама хизматҳои шоёни беҳтарин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо мақола нависем, китобҳо чоп кунем вале бозҳам камаст. Умедворам, ки хизматҳои шоистаи ин абармарди арсаи сиёсат дар таърихи башар бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Дар интиҳо чанд мисраи шеърии худро ба Пешвои миллат мебахшам:
Ҷавониро фидо кардӣ, барои амни ин миллат,
Гузаштӣ борҳо аз ҷон, барои амни ин миллат.
На шаб хуфтӣ, на рӯз гуфтӣ, фақат ҷаҳду талош кардӣ,
Баҳоратро хазон кардӣ, барои амни ин миллат.
Басо хорӣ кашидиву нагаштӣ ҳеҷ аз роҳат,
Бигуфтӣ сулҳ меорам, барои амни ин миллат.
Бикардӣ умри худро сарф дар роҳи ватансозӣ,
Бикардӣ кохи адл бунёд, барои амни ин миллат.
Бале, ҳастӣ ягона қаҳрамон дар ҷодаи ҳастӣ,
Зафарҳо бар хатар кардӣ барои амни ин миллат.
Сафою равшанию нур овардӣ ба мулки хеш,
Раҳи иқбол бикшодӣ, барои амни ин миллат.
Беназир Шарифзода