Имрӯз, 14 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 – солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи варзиш ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» конференсияи илмӣ – назарявӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо қироати Суруди миллӣ ибтидо ёфта, таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадшоҳ Абдуллозда – Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов баргузор гардида, дар он омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Раиси Кумита зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон, рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва тарбияи ватандӯстӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем».
Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд, ки ин худ як мактаби бузурги давлатсозии Роҳбари давлат аст дар роҳи ташаккул додани сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш, чунин илова гардид зимни суханронӣ.
Ҳамзамон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи варзиш ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон маҷмӯи маърузаву мақолаҳоро гирд оварда дар мувоқифа ба роҳбарияти донишкада дар шакли китоби мукаммал таҳия намудаанд, ки китоб ҳамчун дастурамали хубе баҳри мутолиа ба хонандагон пешниҳод шудааст.
Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ ба як қатор омӯзгорону донишҷӯён Сипосномаи Кумита супорида шуда, чанд нафар донишҷӯён бо мукофотҳои пули дастгирӣ карда шуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита