Имрӯз, 22 – юми январи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Зулфиқор Гулаҳмадзода – ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳусайн Ал – Мусаллам директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, Президенти Федератсияи ҷаҳонии варзиши обӣ доир гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин Бегиҷонзода Лоиқ – Президенти Федератсияи байналмиллалии гуштингирии Тоҷикистон ва аз ҷониби КМОТ ноиби Президенти КМОТ Дилшод Назаров ва котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат доштанд.
Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) зимни мулоқот аз ҷумла иброз намуд, ки ташрифи меҳмонон ба сарзамини Тоҷикистон ба рушди намудҳои гуногуни варзиш мусоидат хоҳад кард.
“Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ҷавон ва рӯ ба рушд, ба рушди соҳаҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ диққати махсус зоҳир мекунад. Маҳз бо дастгириҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, варзиш ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ арҷгузорӣ мешавад,” – чунин ироа гардид зимни суҳбат.
Ҳамчунин, оид ба намудҳои суннатии варзиш табодули афкор доир гардида, дарҷ шуд, ки гуштингирӣ, ки як қисми фарҳанги миллии мо мебошад ва имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ бештар шинохта мешавад, на танҳо як варзиши миллӣ, балки ҷузъи муҳимми ҳувияти миллӣ ва таърихи қадимии мост.
“Ҳамин аст, ки солҳои 2023 – 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст Чемпионати Осиё ва Чемпионати Ҷаҳон оид ба гуштингирӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1000 – нафар меҳмонону варзишгарон аз 63 кишварҳои осиёӣ ва ҷаҳонӣ иштирок ва қувваозмоӣ намуданд,” – дарҷ шуд зимни суҳбат.
Инчунин, ба Шӯрои олимпии Осиё барои рушди намуди гуштингирӣ дар кишварҳои Осиё изҳори миннатдорӣ баён гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки барои эътироф ва ворид намудани намуди варзиши гуштингирӣ дар барномаи Бозиҳои Осиёӣ, сохтмони бинои Маркази тиббии варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва бо назардошти ҷойгиршавии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи кӯҳӣ, дастгирӣ дар харидорӣ намудани автомошинҳо барои варзишгарон ба мо мусоидат амиқ намоянд.
Ҳусейн Ал-Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хоссатан варзиши обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат дар рушди намуди варзиши гуштингирӣ ва дигар паҳлуҳои варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, зикр кард, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ, рушди инфрасохтори соҳаи варзиши Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва қоравӣ, татбиқи барномаҳои соҳавии Шуро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Сипас, меҳмонон баъд аз мулоқот аз Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” – и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дидан намуда, ба дафтари меҳмонони олиқадри осорхона соядаст гузоштанд.









