25 – уми январи соли 2025 дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи Тоҷикистони офтобӣ ҳайати кормандони сохтор ва зерсохтори Кумита ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов таҳти роҳбарии Раиси Кумита дар талу теппаҳои мавзеъи Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» таҳти унвони “Биёед ҷавонон барои наслҳои оянда ниҳол шинонем!” маъракаи васеи ниҳолшинониро дар доираи ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, ки аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон идома меёбад, доир намуданд.
Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва мутобиқ ба нақшаи амали он, ки солҳои 2025-2027-ро дар бар мегирад, дар ҷумҳурӣ 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳол шинонида мешавад.
Дар такя ба барнома мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба маъракаи васеи ниҳолшинонӣ роҳандозӣ гардид, ки дар як марҳилаи кӯтоҳ дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» зиёда аз 5500 бех ниҳолҳои сояафкану ороишии санавбар, сарвиноз ва қарағоҷ шинонида шуда, иқдоми мазкур имрӯз низ бо маром идома дорад.
Тавре иттилоъ дорем бо инобати амалишавии ин барнома ва бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва дар ин замина коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳит дар ҳудуди шаҳри Душанбе давоми солҳои 2025-2027 шинонидани 450 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.
Пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти Кумита дар фазои гуворои табиати Ватан бо иштирокчиёни чорабинии сабзгардонӣ суҳбат намуда, дарҷ намуданд, ки Президенти Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ин гуна тадбирҳо на танҳо зебо намудани муҳити зист, балки бедор кардани ҳисси масъулият дар байни мардум оид ба ҳифзи табиат мебошад. Аз ин хотир мо бояд барои наслҳои оянда муҳити тоза ва ободро таъмин намоем, таъкид намуданд роҳбарияти Кумита.
Бо ҳамин мақсад дар маъракаи ниҳолшинонии имрӯза роҳбарият, ҳайати кормандони сохтор ва зерсохтори Кумита ва донишҷӯёни сохторҳои варзишии Кумита дар умум зиёда аз 380 нафар фаъолона иштирок намуда, то нисфирӯзӣ дар асоси дастури роҳбарият ва нақша – чорбаниҳои созандагиву ободкории Кумита аз ҷониби ҳайати болозикр дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» бо шумораи зиёда аз 2500 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита