Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор, модари сарбозе, ки айни ҳол дар ҳифзи марзу буми кишвар аст, аёдат намуд. Ин вохӯрӣ дар доираи дастгириҳои ҷомеа ва ёдоварӣ аз хизмат ва саъйи фарзандони миллат, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат мекунанд, баргузор гардид.
Раиси Кумита ба модари сарбоз изҳори миннатдорӣ намуд ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар як аъзои оилае, ки фарзандони худро барои хизмати Ватан омода мекунанд, баён доштанд. Барои тарбияи фарзанди ватандӯст аз ҷониби Раиси Кумита ба оилаи сарбоз як миқдор туҳфаҳо дастрас карда шуд.
Модари сарбоз ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннатдорӣ карда, дуои нек намуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита