Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол, қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои анҷом додани ҷамъомади таълимӣю омӯзишӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар мекунад.
Дар давраи омодагӣ, тими пойтахт бо дастаҳои хориҷӣ се бозии назоратӣ баргузор менамояд. Аввалин вохӯрии санҷишии худро «Истиқлол» рӯзи 14-уми феврал бо дастаи «Урарту»-и Арманистон баргузор менамояд. 17-уми феврал, «Истиқлол» бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд нерӯ месанҷад.
Намояндаи Лигаи бартари Россия тими «Ростов» сеюмин рақиби қаҳрамони Тоҷикистон мешавад. Ин дидор рӯзи 21-уми феврал баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҷамъомади тамринии «Истиқлол» дар АМА аз 11-ум то 24-уми феврал идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан «Истиқлол» шартномаи ҳамкориро бо 5 футболбози хориҷӣ ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, нимҳимоятгари бразилӣ Мурилло Соуза, Дарко Илиескии македонӣ, Димитар Миткови булғорӣ ва Франческо Марҷиоттаи итолиёвӣ дигар тамдид накарда буд.
Ҳамчунин, “Истиқлол”-ро бозигарони маҳаллӣ Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев ва Эҳсони Панҷшанбе низ тарк карда буданд. Эҳсон ба Суперлигаи Ӯзбекистон ба “Суғдиёна” гузашт. Амадонӣ ба Лигаи Эрон ба дастаи “Гул Гуҳар” пайваст. Шервонӣ Мабатшоев ба Чемпионати Озарбойҷон ба дастаи «Капаз» гузариш карда буд.
Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар равзанаи кунунии трансферӣ бо дастпарвари худ, ҳамлагари 19 сола Масрур Ғафуров шартномаи сесола ба имзо расонид. Футболбози нигериягӣ Ҷозеф Окорои 24 сола дубора ба ҳайати «Истиқлол» ҳамроҳ гардид. Мавсуф дар мавсими соли 2023 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ намуда, дар умум дар 23 рақобат ба майдон баромада буд. Ҳамроҳ бо даста чемпион ва барандаи Ҷоми кишвар гардида буд.
Ҳамчунин, дастаи «Истиқлол» бо нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов, ки қаблан дар «Истиқлол» бозӣ мекард, созишномаи меҳнатиро ба имзо расонид.
Муҳаммадҷон Раҳимов дар мавсимҳои 2017-2021 ва 2022-2023 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ намуда буд. Ду мавсими охир бозингар дар тимҳои «Бухоро» ва «Равшан»-и Кӯлоб баромад мекард.