Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода барои анҷом додани ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар мекунад.
Дар давраи охирини омодагӣ, ки 20 рӯз давом меёбад, КФ “Регар-ТадАЗ” бо як қатор дастаҳои Суперлигаи Ӯзбекистон ва Премйер-Лигаи Қазоқистон 5 бозии санҷишию назоратӣ баргузор менамояд.
Қобили зикр аст, ки ҷамъомади таълимию тамринии дастаи “Регар –ТадАЗ” аз 8-ум то 28-уми феврал сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки “Регар –ТадАЗ” қаблан бо Нозим Бобоҷонов, Абдулло Шарипов,Ҷаҳонгир Эргашев, Далер Имомназаров қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буд. Дастаро мураббӣ Зайниддин Раҳимов ва бозигарон Бортей Акуайе, Опонг Ҷонсон, Хуршед-Тимур Ҷӯраев, Ҳоҷиакбар Узоқов, Ёқубҷон Ахмедов, Қурбоналӣ Бобоев бо анҷом расидани шартнома видоъ карданд. Сармураббии нави даста, мутахссиси тоҷик Тоҳир Мӯъминов таъйин гардид.