Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмӯъ ҳамаи шаҳрвандон аст.
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
Эркаева Фархунда Фирӯзҷоновна – аъзои Ташкилоти ҷамъиятии
“Пайравони Пешвои миллат “, магистранти курси якуми
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров