Аз санаи 16 майи соли равон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс байни солҳои таввалуди 2008-2009 дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Сипас, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ меҳмононро ба вилоят хайру мақдам гуфта, ба ҳамагон дар роҳи муаррифии шоистаи Ватан комёбиҳои беназирро таманно намуданд.
Зимни баромад, раиси вилоят қайд дошт, ки бори нахуст, дар таърихи варзиши вилоят Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс дар чунин сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад.
Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо ва имкониятҳо аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суботу оромӣ маншаъ гирифта, барои рушди бокс ва ба майдон овардани истеъдодҳои нав аз миёни наврасону ҷавонон мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Дар чорабинии имрӯза, ки тайи чанд рӯз идома дорад, зиёда 100 нафар варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, дар вазнҳои гуногун, бо ҳам сабқат намуда, малакаю маҳорати худро дар майдони набард нишон доданд.
Ифтихору сарфарозиамон аз он аст, ки дар қатори ҷавонписарон, дар чемпионат духтарон низ ширкат меварзанд ва ин омил аз ояндадор будани намуди бокс дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Федератсияи бокси Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки доираи баргузории чунин чорабиниҳоро дар вилоят бештар намояд.
Варзишгароне, ки дар ин мусобиқа аз худ маорати баланди варзиши нишон додаанд ва сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, бо Ифтихорнома ва медал қадр карда шуданд.